Додситонии кулл Салимзодаро ба Қирғизистон надод

Хабари хуб 13.08.2009 15:29

Додситонии кулли Тоҷикистон дархости Қирғизистон дар бораи истирдоди Муҳаммади Салимзода, шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон ба он кишварро рад кардааст.

Додситонии кулли кишвар гуфтааст, ки ин тасмим бо истифода аз банди конвенсиюн дар бораи истирдод, ки дар сурати иртиботи қазия бо мавзӯъи амнияти миллӣ ҳақ медиҳад, кишваре дархости истирдод аз кишвари дигареро рад кунад, иттихоз шудааст.

Дар ин бора Дилбари Мунавварӣ, ҳамсари Муҳаммади Салимзода ба ВВС хабар додааст. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд ин тасмим ҳудуди як моҳ қабл иттихоз шуда, вале хонаводаи Салимзода то ин авохир аз ин амр бехабар будаанд.

Зимнан, хонаводаи оқои Салимзода дар мавриди боздошт ва иттиҳомоти ворида алайҳи ӯ низ пас аз ним сол аз боздошти вай огоҳ шуда буданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Салимзодаро дар моҳи майи соли ҷорӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Қирғизистон ва талоши кудато дар Тоҷикистон ба 29 сол зиндон маҳкум кард.

Ин дар ҳолест ки пайвандони Муҳаммади Салимзода мегӯянд, ҳарчанд аз ҳукми додгоҳ беш аз ду моҳ сипарӣ мешавад, вале Салимзода ҳанӯз ҳам дар боздоштгоҳи муваққат ба сар мебарад.

Ин амр, ба гуфтаи пайвандони Салимзода, шароити дидори ӯ бо хонаводаашро маҳдуд месозад. Вазъи бади саломати Салимзода низ мавзӯъи нигаронии хонаводаи ӯ шудааст.

Дилбар Мунавварӣ, ҳамсари Муҳаммади Салимзода, дар мусоҳиба бо ВВС дар ин бора гуфт: "Шавҳари ман мубталои бемории "Гепатит Б" (омоси ҷигар) аст ва дар шароити боздоштгоҳ, ки бадтар аз зиндон аст, ин беморӣ метавонад ба "Гепатит С" табдил шавад, ки хеле хатарнок аст." Вай афзудааст: "Мо омода будем, ки дар сурати истирдоди Муҳаммади Салимзода ба Қирғизистон аз куллия шикоётамон нисбат ба нақзи ҳуқуқи шавҳарам бигзарем ва дигар ба додгоҳи истинофӣ шикоят накунем. Вале ҳамакнун, бо радди дархости истирдод, мо нахуст ба президиуми Додгоҳи Олӣ ва дар сурати зарурӣ ба Созмони Милали Муттаҳид низ шикоят хоҳем кард."

Қаблан, хонум Мунавварӣ дар мусоҳибаҳояш бо ВВС гуфта буд, ки додгоҳ далоили қотеъе барои исботи иттиҳомоти ҷосусӣ ва талоши кудато алайҳи шавҳараш дар ихтиёр надорад. Ба гуфтаи вай, ҷараёни боздошт, дастрасии шавҳараш ба вакили мудофеъ ва сипас ҷаласоти додгоҳ бо нақзи фаровони муқаррарот ва қавонин сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли Қирғизистон зимни пахши хабари рад шудани дархосташ дар бораи истирдоди Муҳаммади Салимзода гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон ин амро чунин шарҳ додаанд: "Аъмоли ҷиноии вай (Салимзода) ба якпорчагии конститутсионии ҷумҳурӣ таҳдид кардааст".

Муҳаммад Салимзодаи 49-сола зодаи шаҳри Душанбест, ки дар соли 1993 бо хонаводааш ба Қирғизистон кӯч баста ва шаҳрвандии он кишварро ба даст овардааст. Вай аз он замон ба баъд дар нируҳои мусаллаҳи он кишвар ифои вазифа мекард.

Тибқи гузоришҳо, ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон Салимзодаро дар моҳи августи соли гузашта дар вилояти Суғд дар маросими арӯсии духтараш боздошт кардаанд.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Салимзодаро Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳқиқ кардааст. Муҳокимаи вай дар додгоҳ дар паси дарҳои баста сурат гирифт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97