Дар Рамазон «Ролтон» боз боло меравад?!

Хабари хуб 13.08.2009 15:28

Дар остонаи моҳи мубораки Рамазон хостем аз бозорҳои мухталифи шаҳрҳои кишвари азизамон, ки аксарияти қишрҳои дорову нодор асосан муқими ин шаҳрҳо ҳастанд, боздид кунем.

Хабарнигорони мо сар аз ин ҳафта харидори бозорҳои марказӣ мебошанд ва тамоми моҳи шарифи рамазон дар "ғами" дастархони ифтории шумо хоҳанд буд, зеро дар ин моҳ маҳз "мусулмонии" савдогарони мо ба намоиш дармеояд.

Инак хабарнигори мо дар шаҳри Кӯлоб аз вазъи бозори истеъмолии ин шаҳр гузориш медиҳад:

Дар замони шӯравӣ табақабандии ҷомеа қариб, ки ҷиноят буд, вале берун аз хостаи мо ҷомеа дар ҳама давру замон ба қишрҳои муайян ҷудо мешавад. Ҳоло метавон ҷомеаро ба чаҳор қишр; бебизоат ё қашоқтаринҳо (афроде, ки қариб аз ҳеҷ ҷо манбаъи даромад надоранд), камбизоат, миёнаҳол ва сарватманд ҷудо намуд.

Таҳқиқи чандрӯзаи мо нишон дод, ки қишри қашоқтарини ҷомеа дар Кӯлоб аслан, нон ва чой (баъзан ба он шакар низ ҳамроҳ менамоянд) истеъмол менамоянд. Қишри камбизоати аҳолӣ, ки аксариятро ташкил медиҳад, асосан картошка, пиёз, нон, равған, шакар истеъмол мекунанд. Афроди зиндагиашон миёнаҳол картошка, пиёз, нон, равған ҳафтае шояд як ду маротиба гушт, дар тобистон гоҳо сабзавот ва тарбузу харбуз истеъмол менамоянд. Дар мавриди сарватмандон ба фикрам ҳоҷати навиштан ҳам нест. Ҳама медонад, ки онҳо чӣ истеъмол мекунанд.

Дар ҳоле, ки ин матлабро менавиштам, дӯсти донишҷӯям бо хитоб гуфт, ки мо ба кадом гурӯҳ шомилем. Ҳарчанд, донишҷӯён низ ба ин чаҳор гурӯҳ ҷудо шаванд ҳам, аммо имрӯз донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, метавон онҳоро ба гурӯҳи камбизоатон шомил сохт. Аз дӯсти донишҷӯям, ки ҳамакнун дар хобгоҳ барои соли нави таҳсил омодагӣ мегирад, мепурсам, ки хӯроки аслии донишҷӯ чист? -"РОЛТОН" мегӯяд ӯ дар посух. Аммо ӯ аз он гилламанд аст, ки қиммати як дона "ролтон" дар тӯли чанд моҳи ахир аз 50 дирам ба 80 дирам боло рафтааст.

Аммо ҳама қишрҳои ҷомеа аз он нигаронанд, ки савдогарони "ботақво"- и тоҷик то моҳи Шарифи Рамазон қиммати ҳама гуна маҳсулотро баланд мебардоранд.

Ҳамин тариқ хабарнигори мо ба арзиши маводи аввалияи ғизоии мардуми ин шаҳр таваҷҷуҳ кард, ки бад ин сон аст:

1кг гушт (буз ва гов); аз 16 то 18 сомонӣ

1-халта орд; аз 76 (орди Кӯлоб) то 105 сомонӣ

1литр равған; аз 6, 5 то 7 сомонӣ

1кг биринҷ; аз 5 то 10 сомонӣ

1кг картошка; аз 1, 2 то 1, 5 сомонӣ

1кг пиёз; аз 1 то 1, 2 сомонӣ

1кг бодиринг; 1 сомонӣ

1 дона тарбуз; аз 3 то 8 сомонӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97