«Имрӯз»: Бехабар мондем, боз мутаваққиф шуд

Хабари хуб 13.08.2009 15:27

Аз субҳи рӯзи 11 август пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" дар Тоҷикистон комилан мутаваққиф шуд. Ба гуфтаи масъулони радиои "Имрӯз", рӯзи 27 июл, дар пахши барномаҳои ин радио мушкилоте пеш омада ва дар мавҷи муртабит бо он садоҳои бегона пайдо шудаанд.

Ба ин тартиб, дар ду ҳафтаи ахир барномаҳои ин радио тавассути фиристандаҳои эҳтиётӣ пахш мешуд ва амвоҷи он танҳо дар шаҳри Душанбе дастрас будааст.

Рустами Ҷонӣ, раиси кулли ширкати "Ориёномедиа" ва муассиси радиои "Имрӯз", гуфт, ки Маркази мутобиқати элекромагнитӣ ва радиомониторинг, як ниҳоди вобаста ба Идораи давлатии назорат дар бахши мухобирот ва иттилорасонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, низ олуда будани мавҷи ин шабакаро ташхис додааст.

Вале мақомоти ширкати саҳҳомии "Телерадиоком", ки пахши амвоҷи радиои "Имрӯз"-ро ба ӯҳда дорад, аз тавзеҳи сабабҳои мушкили пахши барномаҳои ин радио худдорӣ карданд.

Ҳамчунин, Рустами Ҷонӣ гуфт, ки масъулони ин ниҳод ба кормандони Маркази мутобиқати элекромагнитӣ ва радиомониторинг иҷозаи вуруд ба сохтмони "Телерадиоком" ва ташхиси мушкилоти пахши барномаҳои радиои "Имрӯз"-ро надодаанд.

Рустами Ҷонӣ гуфт, ки сабаби мутаваққиф шудани пахши барномаҳои ин радиоро намедонад, вале ин амр ба далели мушкилоти молӣ иттифоқ наафтодааст. Ба гуфтаи ӯ, радиои "Имрӯз" дар муддати муқаррар пули иҷора ва ҳаққи пардохти пахши барномаҳоро ба Ширкати саҳҳомии "Телерадиоком" пардохт кардааст.

Аммо Сӯҳроб Алиев, раиси "Телерадиоком" гуфтааст, ки пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" ба далели мушкилоти фаннӣ мутаваққиф шудааст. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумлаи ду хатти садо миёни минтақаи Гусхор, воқеъ дар 40-килуметрии шимоли шаҳри Душанбе, ки фиристандаҳои родиои "Имрӯз" дар он ҷо мустақарранд ва модули марказӣ дар шаҳри Душанбе, як хат аз фаъолият бозмондааст. Яъне садо аз Душанбе ба Гусхор расида, аммо аз он ҷо барнамегардад.

Ҳамакнун, гурӯҳе аз муҳандисони ин ширкат барои мушаххас кардани илали ин амр ба минтақаи Гусхор рафтаанд ва мумкин аст, оҷилан мушкили пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" ҳал шавад.

Зимнан, дар моҳи августи соли гузашта, дар остонаи нахустин солгарди таъсиси радиои "Имрӯз" низ "бо далоили фаннӣ" пахши барномаҳои ин радио ба муддати 15 рӯз мутаваққиф шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97