SOS: Се нафар аз бемории таби хунӣ ҷон бохтанд ва таби хунӣ ба пойтахт расидааст

Хабари хуб 13.08.2009 15:26

Фоҷиаи навбатӣ дар ноҳияи Турсунзода сар задааст. Дар ин ноҳия 3 нафар аз бемории таби хунӣ ба ҳалокат расидаанд. Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки ба ин бемории сирояткунанда аввал як сокини деҳаи Зиёраттути ноҳияи Турсунзода бар асари газидани кана гирифтор шуда вафот кардааст. Бародари маҳрум, ки мурдаро шӯстааст, пас аз як рӯз вафот карда, як нафари дигар, ки ӯро дар мурдашӯӣ ҳамроҳӣ кардааст, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Муовини вазир гуфт, Аскар Умаров, мудири бахши бемориҳои сироятии беморхонаи шаҳри Турсунзода, ки гирифторони ин бемориро муоина кардааст, гирифтори бемории таби хунӣ шуда, вафот кардааст. Ҳамсари Аскар Умаров ҳам таҳти назорати духтурон қарор дорад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, рӯзи 7 август ба деҳоти Зиёраттут ва Саркори ноҳияи Турсунзода ва яке аз маҷаллаҳои ин шаҳр 11 ҳайъати духтурон фиристода шудаанд, ки вазъияти бурузи эҳтимолии ин бемориро таҳти назорат доранд. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки дар бинои ҳукумати шаҳри Турсунзода бо сардории Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустӣ ситоди вижа таъсис ёфтааст, ки барои омӯзиши вазъи беморӣ ва назорати вазъи сиҳатии омма дар ин минтақа кор мебарад.

Бояд гуфт, ки аломатҳои аввалини ин беморӣ заъифӣ, сардарди шадид, дарди ишкам, беҳузурӣ, дарди мушакҳои бадан буда, ва баъдаш сулфаи хушк ва дарди шадид дар қафаси сина пайдо мешавад. Дар ҳафтаи дуюми таби хунӣ гирифторони ин маризӣ бар асари хунравӣ ҷон медиҳанд. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ 24 нафар гирифторони ин беморӣ ҳоло таҳти назорати пизишкон қарор доранд. Ба иттилои хабаргузории давлатии "Ховар" дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе низ як нафар гирифтори бемории таби хунӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба хабаргузории "Ховар" дар ин маврид аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии кишвар хабар додаанд, ки бемор шаби 9 августи соли ҷорӣ бо гумони ба бемории таби хунӣ ба беморхона муроҷиат кардааст ва баъд аз муолиҷаи тиббӣ бемориаш мушаххас шудааст.

Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон соли 2007 20 нафар ва соли 2008 14 нафар гирифторони ин беморӣ сабт шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97