Шаҳрвандон барои 1 метри мукаъаб оби ошомиданӣ 2.65 сомонӣ пардохт бояд кунанд

Хабари хуб 12.02.2019 10:57

Тобистони соли гузашта 1 метри мукаъаб (1000 литр) оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон ба 2.65 сомонӣ (0.3 доллар) афзоиш ёфт. Ин дар ҳоле аст, ки аҳолии манотиқи кишвар барои ҳар метри мукаъаб оби ошомиданӣ ба таври миёна 0.91 сомонӣ (0.09 доллар) пардохт мекарданд.

Вале тирамоҳи соли гузашта нархи оби ошомиданӣ якбора боло рафт.

Гуфта мешавад, ки нархи оби ошомиданӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон афзойиш нахоҳад ёфт.

Ҷамшед Табарзода мудири кулли ширкати давлатии “Хоҷагии коммуналӣ” гуфт, ки имрӯз коршиносон барои муъайян кардани арзиши воқеъии тавлиди оби ошомиданӣ пажӯҳиш мекунанд.

Бар асоси қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол тарофаҳои обрасонӣ, интиқоли партовҳо ва дигар хидматрасониҳои умумӣ бояд аз нав муъайян гардад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97