Муҷаддадӣ раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон даргузашт

Хабари хуб 12.02.2019 10:01

 Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ  даргузашт.

Вай нахустин раиси ҷумҳури давлати исломии Афғонистон дар даҳаи навадуми мелодӣ ва раҳбари Ҳизби наҷоти миллӣ буд, ки дар синни 93 солагӣ дар Кобул даргузашт.

Муҷаддадӣ дар соли 1926 дар як хонаводаи руҳонӣ дар шаҳри Кобул ба дунё омадааст.

Муҷаддадӣ то қабл аз вафоташ раиси Луи Ҷиргаи тасвиби қонуни асосии Афғонистон буд, ки бар асари маризӣ шаби гузашта дори фониро падруд гуфт.

Ҳизби Ҷабҳаи миллии наҷоти Афғонистон бо нашри як хабарнома аз даргузашти Сибғатуллоҳ Муҷадддӣ хабар додааст.

Дар хабарнома омаадааст, ки ҷанозаи Муҷаддадӣ рӯзи чаҳоршанбе қабл аз зуҳр хонда мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97