Салмони Рушдӣ: дигар намехоҳам пинҳонӣ зиндагӣ кунам

Хабари хуб 12.02.2019 09:21

Салмон Рушдӣ нависандаи бритониёӣ-ҳиндӣ ва муаллифи китоби “Оёти шайтонӣ” бо гузашти 30 сол аз судури фатвои Руҳуллоҳ Хумайнӣ алайҳи худ мегӯяд дигар моил нест пинҳонӣ зиндагӣ кунад.

Зиндагии Салмони Рушдӣ аз рӯзи 14 феврали 1979 ва пас аз он ки раҳбари вақти Ирон ба далели нигориши китоби “Оёти шайтонӣ” алайҳи ӯ фатвои марг содир кард, барои ҳамеша тағйир кард. Руҳуллоҳ Хумайнӣ дар фатвои худ Салмони Рушдиро “муртад” эълом кард.

Ин нависанда пас аз он ба муддати 13 сол бо номи ҷаълӣ (сохта) ва таҳти муҳофизати пулиси Бритониё зиндагӣ кард.

Салмони Рушдӣ акнун мегӯяд: “намехоҳам махфиёна зиндагӣ кунам... он замон 41 сола будам ва акнун 71 сола ҳастам. Авзоъ акнун хуб аст”.

Вай афзуд: “дар дунёе зиндагӣ мекунем, ки мавзуъот хеле сареъ (тез) иваз мешаванд ва ин як мавзуъи хеле қадимӣ аст. Акнун хеле масоили дигаре вуҷуд дорад, ки бояд дар мавриди онҳо нигарон бошем, афроди дигаре барои ба қатл расонидан ҳастанд”.

Салмони Рушдӣ истифода аз номи ҷаълӣ барои худро чанд моҳ пас аз ҳамалоти 11 сентябри соли 2001  мутаваққиф кард. Бо ин ҳол вай дар ҷараёни сафари ахираш ба Порис таҳти муроқибати нерӯҳои амниятӣ қарор дошт.

Ӯ гуфтааст, ки дар Ню-Йорк зиндагии комилан оддӣ дорад. Ин нависандаи бритониёӣ-ҳиндӣ ба унвони мисол мегӯяд, ки монанди дигар шаҳрвандон савори метро дар ин шаҳр мешавад.

Китоби “Оёти шайтонӣ”, ки дар соли 1988 мунташир шуд панҷумин асари Салмони Рушдӣ буд. Вай акнун ҳаҷдаҳумин китоби худ ба номи “Кохи зарин”-ро мунташир кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97