Айфонҳои нав бо нархи айфонҳои пешин фурӯхта мешаванд

Хабари хуб 11.02.2019 10:09

Ширкати  Apple дар соли ҷорӣ 3 навъи телефони ҷадидро ба бозор арза хоҳад кард.

Android Shout гузориш медиҳад, ки ширкати Apple нархи айфонҳои ҷадидро афзоиш нахоҳад дод. Қимати моделҳои нави Айфон ҳаммонанди моделҳои соли гузаштаи ин ширкат хоҳад буд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ширкати Apple ин тасмимро ба далели пойин будани сатҳи фурӯши Айфон дар соли гузашта, гирифтааст.

Илова бар ин, ширкати мазкур аз танишҳо дар равобити иқтисодии миёни Амрико ва Чин нигарон аст.

Гуфта мешавад дар соли 2019 ширкати Apple 3 модели ҷадиди Айфонро ба бозори ҷаҳонӣ арза хоҳад кард.

Қимати айфонҳои мазкур ба шарҳи зайл пешбинӣ шудааст:

Айфони IPhone XR (2019) нархаш 849 доллар, Айфони IPhone X EX бо нархи 999 доллар ва Айфони XSMax iPhone бо қимати 1099 доллар

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97