Замир Кобулов: Русия омодаи кумак ба Амрико дар раванди сулҳ бо Толибон аст

Хабари хуб 08.02.2019 11:56

Замир Кобулов намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, ки Маскав омода аст Вошингтонро дар пешрафти раванди музокира бо Толибон барои расидан ба тавофуқ бар хурӯҷи нерӯҳои низомиашон аз Афғонистон кумак кунад.

Кобулов мегӯяд: “мо омодаем барои пешбурди ин раванд ба онҳо кӯмак кунем, ки ба як тавофуқи комил даст пайдо кунанд. Аммо агар Амрико мехоҳад низ нерӯҳояшро аз хоки Афғонистон берун кунад ва пойгоҳи низомиаш дар Афғонистон бошад, мо наметавонем дастёри онҳо бошем. Хости Толибон равшан аст, ки ин иттифоқ нахоҳад афтод ва ҳамчунон афғонҳо ин масъаларо ҳам намехоҳанд”.

Пас аз ин намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон гуфт, ки Маскав тамосҳои худро бо гурӯҳи Толибон мутаваққиф накарда ва ҳамчунон қасди идомаи тамос бо онҳоро дорад.

Ба гуфтаи вай, музокираи яктарафаи танҳо (давлати Афғонистон) бидуни гурӯҳи даргир дар Афғонистон мумкин нест ба муваффақият даст пайдо кард ба ҳамин хотир мо бо гурӯҳи Толибон дар тамос ҳастем.

Кобулов дар интиҳо гуфт: “чи гуна бо яке аз тарафҳои даргир гуфтугӯ кард то сулҳ барқарор шавад? Ин кор имкон надорад. Амрико гуфтугӯ мекунад ва мо низ гуфтугӯ хоҳем кард”.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97