Китоби “ Афсонаҳои Помир" ба нашр расид

Хабари хуб 07.02.2019 13:27

Де Памири ахиран китоби “ Афсонахои Помир"-ро ба 6 забон мунташир кард.

 Ин китобро дар мағозаи Де Памири маҳаллаи Чорбоги Хоруғ дарефт намудан мумкин аст. Афcонахо ба забонхои тоҷикӣ, шуғнонӣ, русӣ, англисӣ, кирғизӣ ва форсӣ дарч гардиданд.

Мақсади аз нашри ин китоб - рушди малакаи забондонии кӯдакон ва шиносоии наврасон бо гуногунрангии забонҳои миллатхои мухталиф дар саросари ҷаҳон гуфта мешавад.

Забони померӣ яке аз забонҳои қадимии мардуми форс маҳсуб мешавад, ки сокинони ин минтақаи кӯҳистонӣ тавонистаанд то имрӯз онро ҳифз кунанд. Ин мардум на танҳо забон, балки тавонистаанд расму ойинҳои қадимаи мардуми тоҷик-форсро дар худ нигаҳдорӣ кунанд.

Афсона агарчи дар зоҳир як жанри тахайюлӣ ба назар мерасад, аммо дар рушди тафаккури кӯдакони нақши бориз дорад. Ба ин монанд мо низ дар замони шӯравӣ дар хурдсолӣ аз китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик” истифода ва дунёи кудакии хешро рангин мекардем.

Ба табъ расидани як чунин китоб дар замони ҳозир дар маҷмуъ иқдомест сутуданӣ. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ нархи ин китобро то 50 сомонӣ гуфтаанд. 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97