Тоҷирони "Корвон" аз ҳузури чиниён шӯридаанд

Хабари хуб 06.08.2009 16:20

Тоҷирони маҳаллӣ дар бозори "Корвон"- и пойтахт аз ҳузури бештари тоҷирони чинӣ дар ин бозор изҳори норозигӣ кардаанд. Ба гуфтаи масъулони бозори мазкур, ин норизоятӣ дар пайи фарқияти арзиши молҳои тоҷирони чинӣ аз тоҷирони маҳаллӣ, яъне рақобатҳои тиҷоратӣ сар задааст. Гуфта мешавад, ки раҳбарияти бозори "Корвон" асноди кор ва фаъолияти гурӯҳе аз тоҷирони чинӣ дар ин бозорро ҷамъоварӣ карда ва барои таҳқиқи фаъолияти онҳо дар бозор ба ниҳодҳои марбута фиристодаанд.

Тибқи иттилои масъулини бозори "Корвон" ҳудуди 50 тоҷири чинӣ дар ҳоли ҳозир дар бозор фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо бархе аз шаҳрвандони тоҷикро ба унвони фурӯшанда ба фаъолияташон шарик кардаанд.

Раҳбарияти бозори "Корвон" фаъолияти теъдоде аз шаҳрвандони Чин дар ин бозорро тасдиқ карда мегӯянд, ки масъалаи байни тоҷирони маҳаллӣ ва чинӣ сирфан ба рақобатҳои бозорӣ марбут аст. Ба гуфтаи ин манобеъ, чиниҳо моли худро ба арзиши бамаротиб пойинтар аз тоҷирони маҳаллӣ ба фурӯш мегузоранд, ки ин ба бозори тоҷирони маҳаллӣ халал ворид мекунад. Аммо масъулони ин бозор муътақиданд, ки, дар ҳолати он ки ин тоҷиронони чиниро асноди зиндагӣ ва корашон дар Тоҷикистон дуруст бошад, пас касе ҳақ надорад ба идомаи фаъолияти онҳо дар ин бозор монеъ шавад. Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, масъулони бозори "Корвон" ҳанӯз посухе аз ин ниҳодҳо дар бораи натоиҷи таҳқиқи асноди тоҷирони чинӣ дастрас накарда буданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97