Ақрабаки соати «оши наҳор» гашт накард

Хабари хуб 06.08.2009 16:20

Замони баргузории маросими "оши наҳор" дар пойтахт бетағйир монда, мисли қабл 3 соат идома меёбад. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Қаблан аз сӯйи Абдураҳим Холиқов, сардори Раёсати анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод шуда буд, ки "оши наҳор" аз се соат ба якуним соат коҳиш дода шавад.

Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе гуфтааст, ки ин масъала бо назардошти хулосаи прокуратураи шаҳри Душанбе бетағйир монд. Зеро пешниҳоди сардори раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ба талаботи қонунгузории амалкунанда мухолифат дошта, қобили қабул набудааст. Гуфта мешавад, муқаррароти қонуни марбутаи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе чун дар тамоми кишвар бетағйир монда, вақти баргузории "оши наҳор" се соат боқӣ мемонад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97