Намоишгоҳи Афғонистон дар Душанбе

Хабари хуб 06.08.2009 16:19

Дар аввалин намоишгоҳи иқтисодии Афғонистон дар Душанбе, ки рӯзи 4 август дар Кохи Борбад ифтитоҳ шуд, дастовардҳои иқтисодии ҳафт соли ахири ин кишвар ба маърази тамошо гузошта шуд.

Муҳаммадқурбони Ҳақҷӯ, раиси Утоқи бозаргонию саноеъи Афғонистон, гуфт, ки бахши аслии ашёи ин намоишгоҳро молҳои суннатӣ ва саноеъи дастӣ, қолибофӣ, бахши техноложӣ ва маводди ғизоии 300 ширкати хусусии ин кишвар ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, дар бахши қолиҳои намоишгоҳ 12 ширкати қолибофӣ аз манотиқи мухталифи Афғонистон дастранҷҳои худро ба намоиш гузоштаанд. Масъулони ширкатҳои қолибофии Афғонистон гуфтанд, ки қасд доранд дар мамолики Осиёи Марказӣ бозори колоҳои худро пайдо карда ва бо ширкатҳои тиҷоратии ин кишварҳо, бахусус Тоҷикистон, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта бошанд. Гуфта мешавад, қимати қолиҳои дастбоф гарон буда ва дар бозори дохилии Афғонистон муштарии камтар дорад ва беш аз 80 дарсади қолиҳо ба хориҷи кишвар содир мешавад. Фарида Фақирӣ, мудири барномарезии Дафтари байналмилалии занони Афғонистон, ки дар намоишгоҳ ҳузур дошт гуфт, ки асосан занҳои афғон зеварҳои тилоию нуқраиро назар бар сангҳои қимматбаҳо хуш доранд ва аз ин рӯ, ин ҷавоҳирот бештар ба бозори мамолики Урупову Амрико пешкаш мешаванд.

Масъулони давлати Тоҷикистон баргузории аввалин намоишгоҳи иқтисодии Афғонистонро як гоми муҳим дар роҳи тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя талаққӣ карданд. Ба гуфтаи Ғуломҷон Бобозода, вазири рушди қтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, то ҳол маводди ғизоӣ, бахусус биринҷ, меваи хушк ва сабзиҷоти афғонӣ, дар бозорҳои кишварамон ба фурӯш мерасанд.

Ҳамакнун дар ҷараёни ин намоишгоҳ тоҷирони тоҷику афғон мавзӯъи таъсиси ширкатҳои муштарак ва фурӯшгоҳҳои молҳои ҳамдигарро баррасӣ кунанд. Ҳамчунин, ба назари масъулони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон, баргузории чунин намоишгоҳҳои иқтисодӣ роҳро барои ҳамкориҳои бештар миёни ширкатҳои хусусии тоҷику афғон боз карда ва дар ниҳоят, заминаро барои имзои санади сармоягузории дуҷониба миёни Афғонистону Тоҷикистон фароҳам хоҳад кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97