Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Анҷоми тарҳи ислоҳоти Қонуни интихобот

Хабари муҳим 08.07.2008 23:25

Гурӯҳи кории аҳзоби сиёсӣ ва Комисиюни интихоботӣ тарҳи ислоҳоти Қонун дар бораи интихобот ба порлумони кишварро барои пешниҳод омода карданд.

Нишастҳои ин гурӯҳи корӣ, ки бо мусоидати Бунёди байналмилалии системи интихоботҳо ва ё IFES баргузор шудааст, тӯли бештар аз як моҳ идома дошт ва ҳар як ҳизб пешниҳодоти мушаххаси худ ба бандҳои мухталифи Қонунҳои Тоҷикистон дар бораи интихобот ба Маҷлиси олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро ироъа намудааст.
Намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар бо таҳияи тарҳи тағйирот ба 40 банди Қонуни Тоҷикистон дар бораи интихобот ба Маҷлиси олӣ ва 44 банди Қонуни интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ хостори афзоиши вакилони порлумон аз 63 ба 100 нафар ва лағви пардохти гарави интихоботӣ шуданд.


©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97