Бадтарин ва беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон дар соли 2018

Хабари хуб 28.01.2019 14:31

Баррасии беҳтарин ва бадтарин шаҳрҳои ҷаҳон, ки ҳамасола аз ҷониби маҷаллаи “The Economist” анҷом мешавад, дар соли 2018 низ сурат гирифтааст. Ин пажӯҳиш аз миёни 170 шаҳр бо дар назар гирифтани 35 нишондод ё худ шохис дар заминаҳои иҷтимоъӣ,ироаи хадамоти давлатҳо ба шаҳрвандон, субот, амният, шохисҳои сиёсӣ ва бархе дигар меъёрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва беҳтарин ва бадтарин шаҳрҳо аз ҷиҳати кайфияти зиндагӣ баргузида шудаанд.

Бахши пажӯҳишӣ дар “The Economist” аз соли 2004 пружаи баррасии интихоби “беҳтарин ва бадтарин шаҳр”-ро оғоз кардааст.

Дар ин пажӯҳиш шаҳри “Мелбурн”-и Австралия, ки дар ҳашт соли гузашта садрнишин беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зиндагӣ будааст, дар соли 2018 ҷойгоҳашро аз даст дода ва ба раддаи дуввум суқут кардааст.

Дар феҳристи беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон шаҳри Вена бо 99.3 дар сад имтиёз ба унвони бартарин шаҳри ҷаҳон барои зиндагӣ дар соли 2018 шинохта шудааст. Шаҳри Вена, ки пойтахти Австрия аст дар соли 2017 дар мақоми дуввум қарор дошт.

Коҳиши ҳамлаҳои Доъиш ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва коҳиши омори ҷиноятҳои маданӣ дар миёни шаҳрвандони он кишварҳо, муҷиб шудааст, ки дар феҳристи бартарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зиндагӣ, бештари шаҳрҳои аврупоӣ ҷо хуш кунанд.

Дар ин пажӯҳиш шаҳрҳои бузург ва пурхатаре ҳамчун Кобул маркази Афғонистон ва ё Бағдод пойтахти Ироқ баррасӣ нашудаанд.

Шаҳрҳои Вена ва Мелбурн дар Австрия ва Австралия бештарин имтиёзҳоро дар заминаи беҳдошт ва ироаи ин хадамот ба шаҳрвандон, омӯзиш ва ҳаҷми васеъи анвоъи пружаҳои зербиноӣ ба даст овардаанд. Ин ду шаҳр дар заминаҳои фарҳангӣ ва муҳити зист низ болотарин имтиёзҳоро касб кардаанд, ва ҳамин тавр шаҳрҳои Вена ва Мелбурн дар бештар шохисҳои дигари ин пажӯҳиш низ муваффақ ба касби болтарин имтиёзҳо шудаанд, ки ин бартарӣ ононро дар ҷойгоҳҳои аввал ва дуввуми ин феҳрист қарор додааст.

Дар феҳристи бадтарин шаҳрҳои ҷаҳон аз ҷиҳати кайфияти зиндагӣ, шаҳри “Димишқ”-и Сурия ҷойгоҳи бадтарин шаҳри олам барои зиндагиро касб кардааст. Шаҳри Дакка маркази Бангладеш пас аз Димишқ дар ҷойгоҳи дуввум қарор гирифтааст. Ба ҳамин тартиб, шаҳри Логос дар Нигерия пас аз Дакка дар мақоми саввум қарор дорад. Дар ин пажӯҳиш авомиле чун суботи сиёсӣ, бимаҳои дармонӣ ва беҳдоштӣ, муҳити зист, фарҳанг, омӯзиш ва пружаҳои зербиноӣ дар ҳар як аз 170 шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Бартарин шаҳрҳои дунё барои зиндагӣ дар соли 2018:

Беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон бар асоси пажӯҳиши “The Economist” шаҳрҳои Вена дар Австрия, Мелбурн дар Австралия, Ванкувер дар Канада, Копенгаген дар Дания, Калгарӣ дар Канада, Сидней дар Австралия, Токио Дар Ҷопон, Торонто дар Канада, Узоко дар Ҷопон ва шаҳри Аделайд  дар Австралия ҳастанд.

Бадтарин шаҳрҳои дунё барои зиндагӣ дар соли 2018:

Бадтарин шаҳрҳои ҷаҳон ба таҳқиқи “The Economist” шаҳрҳои Димишқ дар Сурия, Дакка дар Бангладеш, Логос дар Нигерия, Триполӣ дар Либия, Ҳараре дар Зимбабве, Карочӣ дар Покистон, Порт-Морсбӣ дар Гвинеяи Нав, Дуола дар Камерун, Дакар дар Сенегал ва Ал-ҷазира дар Марокко ҳастанд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97