Журналистон аз давлат кумак мехоҳанд

Хабари хуб 06.08.2009 16:18

Масъулони расонаҳои мустақил ва иттиҳодияву созмонҳои рӯзноманигории кишвар бо як муроҷиатнома ба давлат хостори пуштибонӣ аз фаъолияташон шудаанд.

Дар ин муроҷиатнома оварда шудааст: "Бар асари паёмадҳои номатлуби бӯҳрони ҷаҳонии молӣ васоити ахбори умумӣ бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ шуда ва адади нашри нашрияҳои мустақил то 40 дарсад ва мизони реклом то 70 дарсад коҳиш ёфтааст".

Гуфта мешавад, ба ин далел бархе аз нашрияҳо ва расонаҳои мустақил дар остонаи муфилисшавӣ қарор гирифта ва ба пуштибонии ҳукумати кишвар ниёз доранд. Дар қадами аввал нашрияҳои мустақил хостори ба муддати панҷ соли оянда озод кардани нашрияҳо аз молиёт шудаанд, зеро дар пайи коҳиши ҷиддии тиражи нашр, нашрияҳо маблағе ба даст намеоранд ва имкони пардохти молиётро надоранд.

Дархости дигари сардабирони нашрияҳои мустақил ва созмонҳои рӯзноманигорӣ тахсиси қарзҳо бо фоизи кам барои рушди матбуот аст, то ба ин васила нашрияҳо тавонанд дар шароити бӯҳрони молӣ фаъолияти худро идома диҳанд.

Ҳамчунин, намояндагони расонаҳо ва рӯзноманигорон хостори эҳёи фаъолияти қаблии Почтаи Тоҷик ё таъсиси ниҳоде нав барои пахш кардани нашрияҳо дар тамоми манотиқи кишвар шудаанд.

Дар муроҷиатномаи созмонҳои рӯзноманигорӣ таъкид шудааст, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон нашрияҳо аз имтиёзоти молиётӣ бархурдоранд ва давлат дар харидории коғаз ва табъу нашр ба онҳо кумак мекунад.

Масъулини расонаҳо таъкид кардаанд, ки дар сурати дар шароити бӯҳрони молӣ аз сӯйи давлат пуштибонӣ нашудан бештари расонаҳои мустақил баста хоҳанд шуд, ки ин дар вазъи амнияти иттилоотӣ ва эътибори давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ асароти ҷиддие барҷо хоҳад гузошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97