Оё шаш соъат хоб барои инсон кофӣ аст?

Хабари хуб 26.01.2019 11:19

Шояд шумо ҳам аз касе шунида бошед, ки мегӯянд инсон фақат ба панҷ ё шаш соъат хоб ниёз дорад. Оё ҳама инсонҳо воқеъан ба ҳашт соаът хоб ниёз доранд?

Пажӯҳиши тозае, ки дар “Журнали хоб” чоп шудааст, ба ин ҳақиқат пай бурдааст, ки бо шаш соъат хобидан дар ҳар шаб, амалкарди фард ба ҳамон андоза заъиф аст, ки гуё нахобида бошад.

Донишмандон ширкаткунандагони ин пажӯҳишро ба чаҳор даста тақсим карданд; дастаи нахуст барои ду ҳафтаи пайҳам шабона фақат чаҳор соъат хобиданд, дастаи дуввум шаш соъат ва дастаи саввум ҳашт соъат дар шаб хобиданд. Гурӯҳи чаҳорум барои се шаб пайҳам бехобӣ кашиданд.

Ширкаткунандагони ин пажӯҳиш иҷоза надоштанд, ки дар ин муддат ғайри он чи муқаррар шуда буд, ҳатто барои чанд дақиқа ҳам дар ҷараёни рӯз ё шаб дида ба ҳам бигзоранд. Коркарди шинохтии мағз, замони вокуниш ба танбеҳ, мизоҷ ва аърози ин афрод ҳар ду соъат арзёбӣ мешуд.

Ёфтаҳо нишон дод, касоне, ки ҳашт соъат дар шаб хобида буданд беҳтарин амалкардро доштанд. Касоне, ки шабона шаш соъат мехобиданд ҳар чанд дар оғози таҳқиқ хуб буданд, аммо дар рӯзҳои поёнӣ коҳиши шадиди амалкарди шинохтӣ доштанд, дуруст мисли касоне, ки ду рӯз пайҳам бедорхобӣ кашида бошанд.

Ба ҳамин тартиб, касоне, ки шабона чаҳор соъат хобида буданд, амалкарди харобтар аз гурӯҳе доштанд, ки шабона шаш соъат мехобиданд ва гурӯҳе, ки се шабонарӯз пайҳам бедорхобӣ кашида буданд нисбат ба ҳар гурӯҳ харобтарин коркарди димоғиро доштанд.

Бо ин пажӯҳиш донишмандон ба ин натиҷа расиданд, ки бо шаш соъат хобидан дар шаб, беҳтарин шароит ва замина барои зистан дар рӯз фароҳам намешавад.

Донишмандон суфориш мекунанд, ки ҳар фард бояд бикушад то замони тамошои телевизион ва ковишгарӣ дар шабакаҳои иҷтимоъиро ба вижа дар ҳангоми шаб коста ва ба ивази он бештар бихобанд то фардои он шаб аз қудрати кофӣ барои амалкарди беҳтар ва шароити муносиб барои беҳзистӣ баҳраманд бошанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97