Иди Сада 27 январ дар шаҳри Душанбе таҷлил мешавад

Хабари хуб 25.01.2019 09:32

27 январи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи  Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мегардад.

Ёқубҷон Уроқов котиби матбуъотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба хабаргузории «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҷашни мазкур намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, техникаҳои кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда мешавад.

Ҳамчунин дар ҷашни Сада ҳунармандон бо барномаҳои фарҳангии худ хотири ширкаткунандагонро болида мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки Сада ҷашни қадимтарини халқи тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст.  Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд аст. Ба андешаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки он аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Шоири асри  XI Фаррухӣ дар мавриди Сада чунин гуфтааст:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

Иди Сада давраи аз ҳолати хунукӣ ва карахтӣ баромадани табиъату набототу ҳайвоноти оламро ифода менамояд.  Ин идро олимон ба ориёнажодон мансуб медиҳанд, зеро аҷдодони мо дар охири фасли сармо дар майдонҳои васеъ ҳезум ҷамъ намуда, оташ меафрӯхтанд. Яъне, онҳо ба ин восита ва пас аз сардиҳои дароз боз рӯ овардан ба гармӣ, рақсу бозӣ ва хурсандиву хушҳолиро талқин менамуданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97