Тоҷикистон ва Русия созишнома дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо мерасонанд

Хабари хуб 25.01.2019 09:15

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки Тоҷикистон ва Русия то охирҳои соли равон як созишнома дар заминаи сайёҳро ба имзо хоҳанд расонд.

Сатторов изҳор дошт, ки ҷалби сайёҳони рус яке аз самтҳои калидии рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад

Вай бо баёни ин ки дар рафти сафари расмии Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон моҳи феврали соли гузашта бо Ростуризм  ёддошт ба имзо расонида будем, гуфт, нақша дорем, дар оянда байни Ростуризм ва кумитаи сайёҳии мо дар соҳаи сайёҳӣ соли ҷорӣ созишнома ба имзо расонем.

Сатторов дар идома тасреҳ кард: "барои он, ки сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон сафар кунанд, тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Ин таърих, анъана, меҳмоннавозӣ, меваҷоту сабзавоти тоза ва албатта оби ширин ва офтоб аст".

Вай ҳамчунин афзуд, ки дар Тоҷикистон бо забони русӣ муъошират мекунанд.

Ба он нигоҳ накарда, ки Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз аст, ба сайёҳон чизе таҳдид намекунад.

Сафири Тоҷикистон тарафи русиро итминон дод, ки биёед, ман шуморо бовар мекунонам, ки шумо худро аз Русия дида амнтар ҳис мекунед.

Сатторов афзуд, ки дар кишвар иншоотҳои зиёди сайёҳӣ бунёд мешаванд.

Ёдрас мешавем, имрӯз, 24 январ дар Маскав форуми "имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон" баргузор шуд. Дар ҳошияи чорабинӣ иштирокдорон тавонистанд бо имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ шинос шаванд.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97