Шакар қиммат, вале орд арзон шуд

Хабари хуб 06.08.2009 16:18

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии омор аз аввали соли 2009 нархи маҳсулоти ғизоӣ дар кишвар боло рафтааст.

Бештар арзиши асал (54,4 фоиз), шакар (39,2 фоиз), машрубот (16,4 фоиз), биринҷ (12,1 фоиз), қаҳва (10,2 фоиз), чой (10,1 фоиз), маҳсулоти ширӣ (7,7 фоиз), оби маъданӣ (6,5 фоиз), қанди шоколодӣ (4,3 фоиз) боло рафтааст. Ҳамчунин болоравии қимат дар ин давра дар гӯшти мурғи хонагӣ (3,3 фоиз), гӯшти гӯсфанд (2,8 фоиз), гӯшти гов (2,2 фоиз) мушоҳида шудааст.

Дар ин давра арзиши бехпиёз 31,3 фоиз, картошка - 7,1фоиз, орди навъи якум - 4,3 фоиз, сабзӣ - 1,7 фоиз ва карам 1 фоиз арзон шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97