Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2018 беш аз 4.2 миллиард долларро ташкил додааст

Хабари хуб 24.01.2019 11:40

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 4 миллиарду 200 миллион доллар ё 6.3 дар сад бештар аст.

Бино ба гузориши кумитаи омори кишвар, тавозуни тиҷории Тоҷикистон тайи соли гузашта манфӣ ва 2 миллиарду 76 миллион долларро ташкил додааст.

Тайи ин муддат Тоҷикистон беш аз 3.1 миллиард доллар молҳои гуногун аз хориҷ ворид карда, ки 13.5 дар сад (347.7 миллион доллар) бештар аз соли 2017 мебошад.

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишвар ба хориҷ бо коҳиши 10.4 дар садӣ ё ба ҳаҷми 124.7 миллион доллар ҳудуди 1 миллиарду 73 миллион доллар бароварда шудааст.

Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба 16 кишвар бештар аз воридоти маҳсулои ин кишварҳо ба Тоҷикистон будааст.

Ҳолланд ва Туркия аз кишварҳое мебошанд, ки Тоҷикистон ба онҳо алюминиум ва нахи пахта содир мекунад.

Дар ин муддат Тоҷикистон бо 110 кишвари мухталифи ҷаҳон тиҷорат дошта ва нишондиҳандаи содироти кишвар ба 95 кишвар сифр будааст.

Тоҷикистон ба 4 кишвар, аз ҷумла Қатар ва Эфиопия маҳсулоти худро содир карда ва аз ин кишварҳо ҳеч колое ба дохил ворид накардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97