Тарҷумаи “Тоҷикон”-и Ғафуров аз тоҷикӣ ба англисӣ бо қалами Парвона Ҷамшедов

Хабари хуб 23.01.2019 11:34

Парвона Ҷамшедов яке аз англисдонҳои маъруфи тоҷик китоби машҳури “Тоҷикон”-и  академик Бобоҷон Ғафуровро ба забони англисӣ тарҷума кардааст.

Парвона Ҷамшедов муаллифи 38 китоб, монографи ва китобҳои дарсӣ ва беш аз 300 мақолаҳои илмию методӣ, ки дар Тоҷикистон ва дар хориҷ аз он мунташир шудаанд, маҳсуб мешавад.

Вай ҳамчунин яке аз муаллифони маҷмуъаи китобҳои англисӣ барои макотиби миёна дар Тоҷикстон аст. Осори ва заҳматҳои Ҷамшедов оид ба типологияи муқоисавии забонҳо дар раванди таълим дар донишгоҳҳои кишвар мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар баробари ин, ӯ ҳамчунин 2 ҷилди “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, “Тоҷикон дар ойинаи торих” ва “Нигоҳе ба торихи тамаддуни ориёӣ”- и Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон, “Ориёйиҳо: фарҳанг ва тамаддунҳо” ва “Наврӯзнома”-и Умари Хайёмро низ аз забони тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума кардааст.

Аз самараи дигари заҳматҳои Парвона Ҷамшедов омода кардани 59 номзади илм мебошад. Вай ҳамчунин узви шӯрои таблиғотӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар академияи илмҳои Тоҷикистон ва донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия маҳсуб мешавад.

Вай дар донишгоҳҳои Амрико, Ҳолланд ва Англия суханронӣ кардааст. Ва ҳамчунин бо гузоришҳое дар беш аз 45 симпозиумҳо ва конфронсҳои илмӣ дар хориҷ ва дар ҳамкорӣ бо Анҷумани Рӯдакӣ (Париж) як чанд симозиумҳо ва конфронсҳо дар шаҳри Душанбе, Париж, Гетенбург ва Гамбургро ташкил кард.

Ҳамин тариқ, Парвона Ҷамшедов барои фаъолиятҳои пурсамараш ба унвони “Корманди шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии маъорифи Тоҷикистон, медал ва дипломҳои фахрӣ сарфароз шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97