Таъсироти зидди саратонии мурчи сиёҳ

Хабари хуб 23.01.2019 10:38

Мурчи сиёҳ сабаби дафъи маводи кимиёйи саратонзо дар кабоб ва ғизоҳои гӯштдор мешавад, ки дар ҳарорати баланд пухта мешаванд.

Ёфтаҳои як пажӯҳиши ҷадид нишон додааст, ки мурчи сиёҳ сабаби зудудани “аминҳои ҳитрусойклик” дар гӯшт мешавад.

Аминҳои ҳитрусойклик маводи химиявиеанд, ки ҳангоми кабоб кардан ё пухтани гӯшт дар ҳарорати баланд тавлид шуда ва саратонзо мебошанд.

Донишмандон дар донишгоҳи иёлати Канзаси Амрико пас аз таҳқиқот пай бурданд, ки махлут кардани 1 грамм мурчи сиёҳ бо 100 грамм гӯшти сурхи кӯбида, аз таркиб шудани аминҳои ҳитрусойклик дар ҳангоми пухтани гӯшт ба кулли ҷилавгирӣ мекунад.

Барои бархе афрод шояд ин миқдор мурчи сиёҳ бисёр зиёд бошад, аммо нависандаи ин пажӯҳиш гуфтааст, ки махлут кардани таркибе аз мурчи сиёҳ бо намак, ғӯраи ангур ва дигар давоҳо метавонад айни таъсироти зидди саратонӣ дошта бошад.

Кейс Сингалитарий устоди бознишастаи тағзия дар донишгоҳи Иллино́йси Амрико, ки хулосаи пажӯҳиши тоза дар мавриди мурчи сиёҳро навиштааст, ба таъсироти хуби ин мавод барои ҳазм низ таъкид кардааст.

Ёфтаҳои ин таҳқиқ ҳамчунон нишон додааст, ки пошидани мурчи сиёҳ болои ғизо, дар сурате, ки фарди масрафкунандаи он мушкили ҳазм кардан надошта бошад ва таъми тунд ва тези мурчро таҳаммул карда битвонад, ҳеч зарари саломатиро дар пай надорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97