Кашфи филиззи заҳролуд дар ҷавоҳироти сохти Чин

Хабар 22.01.2019 12:28

Зевароти ва ё ҷавоҳироти сохти Чин, ки дар фурӯшгоҳҳои сартосари ҷаҳон ба шумули Амрико фурӯхта мешаванд, дорои филиззи (металл) “кадмий” аст, ки тамоси давомдори ин филизз бо бадани инсон метавонад сабаби бурӯзи беморӣ ва ҳатто саратон шавад.

Ёфтаҳои маркази сиҳҳати муҳитии Амрико, ки дар гузориши ихтисосии хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” нашр шудааст, гувоҳӣ аз он аст, ки дар кам аз кам 31 навъи зевароти сохти Чин кадмий ба миқдори 40 то 90 дар сад вуҷуд доштааст.

Ҳамчунон кадмий сабаби хориши пӯст, тахриби гурдаҳо ва устухон дар бадани инсон мешавад. Ин унсури химиявӣ аз тариқи тамоси мустақим бо пӯст, балъидан (фурӯ бурдан) ва ҳатто нафас гирифтан, ба вижа тавассути дуди сигор вориди бадани инсон мешавад.

Маркази сиҳати муҳитии Амрико гуфтааст, ки арзаи зевароти дорои кадмий дар бозор як мушкил аст ва ба гуфтаи муттасадиёни ин марказ, ин мушкил набояд аз назар андохта шавад.

Дар пайи нашри ин гузориш, чандин фурӯшгоҳҳои бузурги занҷираи дар Амрико, ки зевароти сохти Чинро мефурӯшанд, ба хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” гуфтаанд, ки саломати муштариёни худро дар назар гирифта ва ин маҳсулотро аз фурӯшгоҳҳои худ ҷамъ карда ва бо арзакунандагони чинӣ дар тамос шудаанд.

То кунун кумитаи ҳифозат аз масрафкунандагони Амрико, ки масъули назорат бар кайфияти чунин корҳои тиҷоратӣ аст, маҳдудиятеро бар мавҷудияти кадмий дар зеварот вазъ ё мушаххас накардааст.

Манбаъ: садои Амрико

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97