Тоҷикистон ва Қазоқистон мехоҳанд муъомилоти тиҷории байни ду кишварро ба 2 миллиард доллар расонанд

Хабари хуб 22.01.2019 11:54

Тоҷикистону Қазоқистон аз азми ҷиддии мақомоти ду кишвар барои ба ду миллиард доллар расондани мизони муомилоти тиҷории дуҷониба дар соли 2020 хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, ин матлаб дар дидори Бейбут Атамқулов вазири корҳои хориҷии ин кишвар бо Назирмуҳаммад Ализода сафири Тоҷикистон дар Остона эълом шуд. Дар ин дидор, ки ба муносибати поёни давраи маъмурияти Ализода дар симмати сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон баргузор шуд, ду тараф аз тасвиби созишномаи ҳузури бидуни сабти номи шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон ба муддати 30 рӯз дар қаламрави ду кишвар ва раванди ҳамкориҳои стратегии Остона ва Душанбе ибрози қаноъатмандӣ карданд.

Қазоқистон бо 836 миллион доллар муъомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон дар соли 2018 пас аз Русия дувумин шарики муҳими тиҷории ин кишвар ба ҳисоб меояд ва Остонаву Душанбе талош мекунанд, ки то соли 2020 ин шохис ба ду миллиард доллар бирасад. Ҳамчунин раванди ҳамкориҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон дар гуфтугӯи телефонии вазирони умури хориҷии ин ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бейбут Атамқулов ва Сироҷиддини Муҳриддин дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба, зарурати густариши муносиботи иқтисодию тиҷорӣ ва авзоъи Афғонистон баҳсу табодули назар карданд.

Қазоқистон яке аз умдатарин таъминкунандагони гандум ва гази мавриди ниёзи Тоҷикистон ба ҳисоб меояд ва равобити Остонаву Душанбе дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳоли густариш аст.

Манбаъ: http://mfa.gov.kz/ru/content-view/glava-mid-kazahstana-prinal-posla-tadzikistana

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97