Писари мулло Умар дар Покистон аз суи афроди ношинос кушта шуд

Хабар 22.01.2019 10:41

Ба асоси гузоришҳои ахир, мулло Яъқуб писари мулло Умар ва узви шӯрои раҳбарии Толибон дар Покистон ба дасти афроди номаълум ба ҳалокат расид.

Манобеъи хабари меафзоянд, ки мулло Яъқуб шоми рӯзи гузашта пас аз захмӣ шудан аз суи афроди ношинос ҷон бохтааст.

Бархе аз манобеъ мегӯянд, ки мулло Яъқуб писари мулло Умар шоми 21 январ пас аз намози шом дар яке аз манотиқи шаҳри Пешовари Покистон эҳтимолан мавриди террор қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки мулло Яъқуб ду ҳафта қабл ба далели ихтилофот бо аъзои дигар шӯрои Толибон аз ин шӯро истеъфо дода ва ба Пешовар омада буд.

Бар асоси иттилоъот, мулло Яъқуб масъули низомии 15 вилояти Толибон будааст.

Қобили зикр аст, ки як ҳафта қабл низ яке аз аъзои аршади Толибон дар ҷараёни як ҷаласа таввасути идораи истихбороти Покистон боздошт шуда буд.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97