Андре-Мари Ампер олиме, ки меъёри шиддати ҷараёни барқ ба номаш рабт мегирад

Хабар 21.01.2019 13:57

Ампер 20 январи соли 1775, яъне 244 сол пеш дар чунин рӯзе дар шаҳри Лиони Фаронса ба дунё омад.

Хонаводааш сарватманд ва дар кори тиҷорати маҳсулоти нассоҷӣ буданд. Хоҳаре бузургтар ва хоҳаре кӯчактар аз худ дошт. Дар кӯдакӣ бо дунёи фарҳанг ва адабиёт ошно шуд, вале шефтаи риёзӣ буд. Падараш дар ёдгирии бештар бо ӯ ҳамроҳ буд ва муқаддимоти омӯзиши бештари риёзиро барояш фароҳам мекард.

Инқилоби Фаронса бо навҷавонии Ампер мусодиф буд ва аз ин воқеъа бе осеб хориҷ нашуд. Дар беназмиҳои ҳосил аз дигаргуниҳо шоҳиди эъдоми падараш бо гилотина (як намуди асбобе, ки барои қатли одамон дар он замон дар Фаронса сохта буданд) шуд.

Дар 23 солагӣ издивоҷ кард. Як сол баъд писараш Жак ба дунё омад, ки баъдҳо аз бузургтарин нависандагони Фаронса шуд. Дар 27 солагӣ ҳамсар ва дар 28 солагӣ модарашро аз даст дод. Нороҳатиҳои ҳосил аз гум кардани азизон таъсири ҳамешагӣ аз афсурдагӣ дар ӯ ба ҷой гузошт.

29 сола буд, ки дар колеҷи политехникӣ тадриси риёзиро шуруъ кард. Дар 42 солагӣ илова бар риёзӣ дар кимиё ҳам саршинос буд ва ба узвияти фарҳангистони улуми Фаронса даромад.

Аз 26 то 53 солагиаш ба мутолиъоти риёзӣ гузашт ва ҳосилаш сабти барқи элетродинамик буд. Асари  мутақобили ду ҳодии мувозии (параллельный проводник) ҳомили ҷараёни электрикӣ низ ба номи ӯ сабт шудааст. Аз ӯ ба унвони “Нютони электрикӣ” ёд мекунанд ва кунгураи байналмиллалии физикдонҳо ба ифтихори хидматҳои вай дар ин замина воҳиди шиддати ҷараёни барқро ба номи ӯ гузошт. Ампер мутолиъот ва ёфтаҳое фалсафӣ дар заминаи шинохти ҷаҳон ва табақабандиҳои шинохтӣ дошт.

Ампер дар авохири умраш ҳушёрии муҳосиботиашро аз даст дод ва гӯшагир шуд.

Ӯ дар 10 июни соли 1836 дар 61 солагӣ дар шаҳри Марсел даргузашт.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97