Ҳаракати нақлиёт дар масири Душанбе-Хуҷанд қатъ шуд

Хабари хуб 21.01.2019 09:33

Сухангӯи ширкати  IRS, ки масъулияти ироаи хадамот дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд”-ро бар уҳда дорад аз қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон хабар дод.

Далер Абдуллоҳ сухангӯи ин ширкат гуфтааст, ки бар асари бориши шадиди барф ва резиши тарма дар минтақаи Ҳушёрӣ дар 47 километрии шимоли шаҳри Душанбе ва километри 81-уми масир дар қаламрави ноҳияи Айнӣ имкони ҳаракти воситаҳои нақлиёт ва мусофирон вуҷуд надорад ва ба ҳамин далел рафту омад дар ин роҳ муваққатан боздошта мешавад.

Вай таъкид кардааст, ки бар асоси гузориши идораи ҳавошиносии Тоҷикистон дар ду рӯзи оянда низ бориши шадиди барф идома хоҳад дошт, ки хатари резиши тармаро бештар мекунад.

Аз ин рӯ, аз тамоми ронандагон ва мусофирон дархост шудааст, ки дар ин муддат аз сафар дар масири Душанбе-Хуҷанд худдорӣ кунанд.

Сухангӯи ширкат гуфтааст, таҷҳизоти роҳдорӣ дар ҳоли ҳозир барои боз кардани ин роҳ фаъол аст, вале шиддати бориш ва резиши тарма имкони аз саргирии ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар ин масир намедиҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки бар а сари бориши шадиди барф ва суқути тарма дар шимол ва шарқи Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир ҳашт нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Масири Душанбе-Хуҷанд танҳо роҳи кӯҳистонии иртиботӣ миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон мебошад, ки дар фасли зимистон ҳамвора бар асари бориши барфи зиёд ва резиши тарма хатарҳоеро барои воситаҳои нақлиёт ва мусофирон эҷод мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97