Интиқоли дубораи гази табиъӣи Узбекистон пас аз ҳафт соли таваққуф ба хонаҳои мардуми Тоҷикистон

Хабари хуб 19.01.2019 09:46

Ба нақл аз “Centralasian.org”, баъди танаффуси ҳафтсола интиқоли гази табиъӣ, ки аз Узбакистон ворид мешуд, дубора ба қисмате аз аҳолии шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Аз аввали ҳамин моҳи соли ҷорӣ наздики 20 хонаҳои хусусии воқеъ дар қисмати шимолу шарқӣ пойтахт ба лӯлаи газ пайваст шуданд.

Истеъмолгарон барои 1 метри мукаъаби газ 1,7 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, ки дар муқоиса бо арзиши он дар нуқтаҳои фурӯш бамаротиб арзонтар аст.

Айни замон корҳо оид ба барқарор намудани зербино ҷараён дошта, то охири моҳ боз 20-30 хона бо гази табиъӣ таъмин мешаванд.

Бинобар сабаби мавҷуд набудани газ, корхонаи “Душанбегаз” муддати тӯлонӣ фаъолият намекард ва мутаносибан барои барқарор кардани тамоми иншооти зербино дар муддати кӯтоҳ имкону восита надорад.

Айни замон “Душанбегаз” шабонарӯзӣ то 600 ҳазор метри мукаъаб газ гирифта, ҳозир истеъмолгари асосии гази Узбакистон Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошад, зерои истифодаи газ барои марказ 5 баробар аз мазут ва 4 баробар аз ангишт арзонтар меафтад.

Ба қавли намояндаи “Душанбегаз”, айни замон чанде аз меҳмонхонаву корхонаҳои хурд, ки дар наздикии шоҳқубур ҷойгиранд, низ ба миқдори начандони зиёд гази табиъӣ мегиранд.

Мувофиқи маълумоти охир то 1 октябри соли 2018 аз Узбакистон ба Тоҷикистон ба маблағи қариб баробар ба 1 миллион доллар наздики 10 миллион метри мукаъаб газ ворид шудааст. Аз ин бармеояд, “Тоҷиктрансгаз” барои 1 ҳазор метри мукаъаб ба Узбакистон 100 доллар маблағ пардохт мекунад, ки тақрибан се маротиба арзонтар нисбат ба нархҳои ҷаҳонӣ ба ин навъи сӯзишворӣ мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97