Талафоти сахти Толибон дар вилояти Бодғиси Афғонистон

Хабари хуб 18.01.2019 11:10

Мақомоти маҳаллии вилояти Бодғис дар Афғонистон аз кушта шудани 39 тан аз аъзои гурӯҳи Толибон дар ин вилоят хабар дод.

Ба гузориши Спутник ба нақл аз “Тулуънюз”, мақомоти низомӣ дар вилояти Бодғис мегӯянд, ки нерӯҳои вижаи афғон бо роҳандозии амалиёт дар вулусволии Қалъаи Нави ин вилоят, 39 ҷангҷӯи толибро аз байн бурданд.

Бар асоси ин гузориш, мақомоти мазкур зимни худдорӣ ваз ироаи ҷузиёти бештар дар мавриди амалиёти нерӯҳои вижаи афғон изҳор доштанд, ки дар ҷараёни ин амалиёт, як паноҳгоҳи гурӯҳи Толибон ва миқдоре аз маводи тарканда низ аз байин бурда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки пеш аз ин Атоуллоҳи Хӯгиёнӣ сухангӯи волии Нангарҳор гуфта буд, ки нерӯҳои вижаи амнияти миллӣ шаби гузашта дар вулусволии Ҳисораки вилояти Нангарҳор амалиётеро анҷом доданд, ки дар натиҷа 10 толиби мусаллаҳ кушта шуданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97