Пешниҳоди як фарҳангӣ ҷиҳати ислоҳот ва беҳсозии низоми маъориф ва таълим дар Тоҷикистон

Хабари хуб 18.01.2019 10:40

Рустам Азизӣ як фарди фарҳангӣ тавассути шабакаи иҷтимоъии Фейсбук чанде аз пешниҳодоти худ барои ислоҳот ва беҳтар кардани низоми маъориф ва таълим дар макотиби Тоҷикистонро ба таври зайл ироа кардааст:

Чун дар Тоҷикистон низом ва барномаи ягонаи таълим амал мекунад ва барои донишомӯзон пешниҳод мешавад, метавонем як махзании видеоии дарсҳои омӯзгорони варзида ва муваффақро таъсис диҳем;

Вазорати маъориф метавонад озмуни чунин дарсҳоро баргузор намуда, беҳтаринҳоро дар он махзан ҷой диҳад. Таъсиси чунин махзан натиҷаҳои бисёри мусбат хоҳад дошт:

- омӯзгорони ҷавон метавонанд аз таҷруба ва шеваи кори ҳампешагони варзидаи худ огоҳ ва бархӯрдор шаванд;

- донишомӯзон аз манотиқи дурдаст ва ё донишомӯзони бемору маъюб, ки наметавонанд пайваста дар дарсҳо ширкат варзанд, метавонанд ба мавод ва маҳсулоти таълимии босифат дастрасӣ пайдо намоянд;

- зимни омӯзиши улуми дақиқ ва поя на дар ҳар мактаб имкони таъсиси озмоишгоҳ ва таъмини он бо маводу таҷҳизот вуҷуд дорад, вале аз тариқи чунин дарсҳои видеоӣ мо метавонем навори ин таҷруба ва озмоишҳои физикӣ, шимиёӣ ва ғайраро ба донишомӯзон пешниҳод кунем.

Ин иқдом харҷ ва масрафи зиёд нахоҳад дошт ва танҳо иродаву ғайрати софдилонаи масъулину дастандаркоронро талаб мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97