Таъсиси чаҳор корхонаи нави дорусозӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018

Хабари хуб 18.01.2019 10:19

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон, дар соли 2018 дар ин кишвар чаҳор корхонаи ҷадиди дорусозӣ ба фаъолият оғоз карданд.

Аз ҷумла дар моҳи ноябри соли гузашта дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон як корхона барои тавлиди лавозимоти оройшӣ ва беҳдоштӣ бо номи “Фрам Текс” фаъол гардид.

Як корхонаи дигар барои коркарди растаниҳои шифобахш  дар шаҳраки Канаск дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат таъсис дода шуд, ки ба коркарди растаниҳои шифобахши ин минтақа мухтас аст.

Ҳамчунин дар ноҳияи Рӯдакӣ бар пояи ширкати “Олим фарма” як коргоҳ барои тавлиди шарбатҳои доруйи эҷод гардид.

Ҳамин тариқ, дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон низ дар соли 2018 як ширкати дорусозии муштараки Покистон-Тоҷикистон бо номи “Райҳон фарма” ба фаъолият оғоз кард.

Манбаъ; ТоҷикТа

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97