Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Зардорӣ

Хабари хуб 30.07.2009 16:54

Ду раиси ҷумҳурӣ дар мавриди ифтитоҳи масири ҳавоӣ миёни Душанбе ва Исломобод ва таъсиси бахши Бонки Миллии Покистон дар пойтахти Тоҷикистон дар дидори ахири худ ба натиҷа расидаанд. Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон, ки баъд аз зуҳри рӯзи 28 июл ба манзури анҷоми дидоре расмӣ вориди Душанбе шуда буд, субҳи рӯзи 29 июл бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Баъдан мулоқоти ҳайатҳои ду ҷониб баргузор шуд ва дар поёни ин ҳамоиш миёни Тоҷикистону Покистон се санад, аз ҷумла Эъломияи муштараки сарони ду кишвар дар бораи таҳкими равобит, Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои хориҷа ва Санади ҳусни тафоҳум дар бораи ҳифзи сармоягузориҳо имзо шуд.

Эмомалӣ Раҳмон баъд аз поёни дидор ва гуфтугӯи худ бо Осиф Алӣ Зардорӣ дар ҷамъи хабарнигорон аҳамияти ин мулоқот барои тавсеъаи ҳамкориҳо миёни ду кишварро муҳим арзёбӣ кард.

Таъкид шуд, ки ҷонибҳо тааҳҳуд кардаанд то ахирҳои соли ҷорӣ парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Исломободро аз сар бигиранд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки ҷонибҳо дар ин нишаст масоили амниятӣ дар минтақаро низ баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи вай, қарор аст ин ду кишвар дар заминаи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводди мухаддир ҳамкорӣ кунанд.

Аз сӯйи дигар, дар эъломияи муштараки сарони Тоҷикистону Покистон дар робита бо вазъи Афғонистон таъкид шудааст, ки фаъолияти босамари ҳукумати фарогир ва таҷассумкунандаи манфиатҳои ҳамаи миллатҳо дар ин кишвари ҳамсоя ва эҳёи иқтисодии он омили истиқрори сулҳу суботи пойдор аст.

Ҳарчанд дар матни эъломия аз Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии феълии Афғонистон, ном бурда нашудааст, вале бархе соҳибназарон чунин изҳори назарро дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, навъе аз пуштибонӣ аз номзадии вай талаққӣ мекунанд.

Президент Раҳмон зимни суханронии худ ҳамчунин дар мавриди ихтилофоти миёни Покистон ва Ҳинд изҳори назар кард. Ба гуфтаи вай, "мо аз ду кишвари бузурги дорои силоҳи ҳастаии Осиёи Ҷанубӣ - Покистону Ҳиндустон - даъват ба амал меоварем, ки барои ба мақсади дарёфти роҳҳои сиёсии бартараф сохтани масоили баҳснок кӯшишҳои заруриро дареғ надоранд."

Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон, хабар дод, ки кишвараш тасмим гирифтааст дар Душанбе бахши Бонки Миллии Покистонро ифтитоҳ кунад. Ба эътиқоди оқои Зардорӣ, ин амр ба тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Осиф Алӣ Зардорӣ зимни суханронии худ таъкид кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар аз муддатҳо қабл оғоз ёфта ва бо ишора ба Беназир Буту, нахуствазири вақти Покистон ва ҳамсари фақидаш гуфт, ки "ҳанӯз 14 сол қабл бо дастури вай сафари корие ба Тоҷикистон анҷом дода будам."

Раиси ҷумҳурии Покистон ҳамчунин иброз дошт, ки кишвараш ба мушорикат дар тарҳҳоии стротегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла дар бунёди роҳҳои иртиботӣ ва тарҳҳои энержӣ, алоқаманд аст.

Ҳарчанд ҷонибҳо дар ҳузури хабарнигорон аз эҳтимоли мушорикати Покистон дар бунёди ниругоҳи Роғун изҳори назаре накарданд, вале соҳибназарон бар онанд, ки ин мавзӯъ низ дар меҳвари гуфтугӯи раисони ҷумҳурии ду кишвар қарор дошта бошад.

Дар оғози даҳаи 1990, дар замони раёсати ҷумҳурии Раҳмон Набиев, Тоҷикистон ва Покистон дар бораи анҷоми сохтмони ин ниругоҳ тааҳҳуд карда буданд. Вале ба далели ноамнӣ дар Тоҷикисон ин тасмим ба иҷро нарасид.

Ба эътиқоди коршиносон, Покистон ҳоло низ ба мушорикат дар ин тарҳ алоқаманд аст, зеро кишвараш ба нируи барқ ниёзи бештаре дорад.

Интизор меравад дар мулоқоти чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистон , Афғонистон , Покистон ва Русия, ки баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе баргузор мегардад, ин мавзӯъ то андозае рӯшан шавад.

Вале қабл аз ин нишаст, мулоқоти сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон баргузор хоҳад шуд. Мақомоти се кишвар қаблан омодагии худро барои иҷрои тарҳе дар заминаи тиҷорати минтақаии энержӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA) эълом карда буданд. Ин тарҳ бахше аз барномаи бузурги тиҷорати минтақаии энержӣ мавсум ба "CASAREM" аст.

Тарҳи CASA 640 милюн долар ҳазина дорад ва дар чорчӯби он аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон хати интиқоли нируи барқ кашида хоҳад шуд. Тарҳи тиҷорати минтақаии энержӣ аз ҳимояти Амрико ва бархе аз созмонҳои молии байналмилалӣ низ бархурдор аст. Русия низ бо таваҷҷуҳ ба тарҳҳои энержие, ки дар Тоҷикистон ба иҷро мерасонад, аз ҷумла бунёди нирцгоҳи Сангтуда-1, ба иҷрои ин тарҳ ва фурӯши нируи барқи ин ниругоҳ ба Афғонистон ва Покистон алоқаманд аст.

Ба ин далел, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, қабл аз ширкат дар маросими ифтитоҳи турбини ниҳоии ниругоҳи "Сангтӯда-1" бо сарони ин се кишвар мулоқоте анҷом хоҳад дод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97