Покистон: Ба ҷои рӯзи Валентин рӯзи “Хоҳарон”-ро роҳандозӣ мекунад

Хабари хуб 16.01.2019 09:57

Донишгоҳе дар Покистон аз донишҷуёнаш хоста то ба ҷоийи баргузории маросими рӯзи Валентин, рӯзи 14 февралро мутобиқ ба суннати ислом ба унвони рӯзи Хоҳарон ҷашн бигиранд.

Зафар Иқбол муъовини донишгоҳи кишоварзии Файсалобод бо интишори иттилоъияе аз донишҷӯёни ин донишгоҳ хоста, то рӯзи 14 феврал ва бо эҳдои либос (жакет) ва рӯсарӣ ба духтарони донишҷӯ ин рӯзро ба унвони рӯзи Хоҳарон ҷашн бигиранд.

Ба бовари ин масъули донишгоҳ, табдили ҷашни Валентин ба рӯзи Хоҳарон, ки бо фарҳанг ва мазҳаби покистониҳо созгортар аст, истифода аз ин фурсатҳо барои такрими занони мусалмон ва пӯшиши исломии онҳост.

Афзоиши рӯзафзуни истиқболи ҷавонон аз баргузории маросими рӯзи Валентин чанд соле аст, ки ба мавзуъи баҳс дар миёни аксарияти мусалмонони Покистон бадал шуда, ба тавре ки додгоҳи олии Исломобод дар солҳои 2017 ва 2018 ба мамнуъияти баргузории маросими ин рӯз раъй дод.

Дар воқеъ пешниҳоди баргузории рӯзи Хоҳарон талоше барои поён додан ба ин мамнуъияти қонунӣ аст.

Албатта пешниҳоди баргузории рӯзи Хоҳарон низ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мавриди истиқболи мусалмонони Покистон қарор нагирифта, чаро ки онҳо тарҳи ин идеяро тақлиде аз ҷашни “Ракша Бандхан”, ки хоси ойини ҳиндуҳост, донистаанд.

Бисёре аз ушшоқи саросари ҷаҳон ҳар сол ҳамзамон бо рӯзи 14 феврал, ки ба рӯзи Валентин шӯҳрат дорад бо тақдими гул, шакалот ва арӯсак ба якдигар ин рӯзро ҷашн мегиранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97