Русия аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ будҷаашро ғанӣ мекунад

Хабари хуб 12.01.2019 09:50

Даромади будҷаи Маскав аз  ҳисоби патенти муҳоҷирони корӣ 12 дарсад боло рафта, ба 15 миллиарду 900 миллион рубл баробар шуд.

Хабаргузории “Спутник” ба нақл аз суханони Владимир Ефимов муъовини раиси шаҳри Маскав гузириш медиҳад, ки тайи моҳҳои январ – ноябри соли 2018 даромади будҷаи шаҳр аз патенти муҳоҷирони корӣ 12 фоиз боло рафта, ба 15,9 миллиард рубл баробар шудааст.

Ефимов дар идома афзудааст, муҳоҷирони корие, ки соли 2018 дар Маскав такроран патент гирифтаанд 61 дарсадро ташкил дод. Ӯ изҳори умед кард, ки ин нишондод дар соли 2019 коҳиш нахоҳад ёфт.

Ин дар ҳолест, ки аз аввали соли ҷорӣ нархи моҳонаи патент барои муҳоҷирони корӣ дар Маскав 500 рубл боло рафта, ба 5 ҳазор рубл баробар шуд.

Ҳамзамон даро вилояти Маскав низ аз аввали сол нархи патент 4 ҳазору 750 рубл муқаррар гардид, ки нисбати нишондоди соли гузашта 450 рубл бештар аст.

Патент яке аз асноди муҳимм барои фаъолияти қонунии муҳоҷирони кории хориҷӣ, ба вижа шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ  дар қаламрави Русия арзёбӣ мешавад. Ин санад барои атбоъи кишварҳое, ки узви Иттиҳоди АвруОсиё нестанд, аз қабили Тоҷикистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Украина ва Молдова зарур мебошад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97