Худдории Узбекистон аз қабули омӯзгорони рус

Хабари хуб 11.01.2019 15:29

Расонаҳои узбекӣ бо истинод аз изҳороти сафир Русия дар Тошканд мегӯянд, ки вазорати маъорифи Узбекистон аз даъвати омӯзгорони Русия ба кишвараш худдорӣ кардааст.

Бино ба гузориши Спутник ба нақл аз Владимир Тюрденев сафир Русия дар Тошканд, вазорати маъорифи Узбекистон далели ин иқдомашро ба зиёд будани мактабҳои русӣ дар ин кишвар муртабит донистааст.

Тюрденев дар идома изҳор дошт: "мо ба вазорати маъорифи Узбакистон пешниҳод кардем, ки ба мактабҳои ин кишвар аз Русия омӯзгори фанни русӣ ирсол кунем. Вазорат барои замони тӯлонӣ ин масъаларо баррасӣ кард ва дар охир пешниҳоди моро рад намуд. Аммо бояд қайд кунам, ки рад кардани онҳо мантиқ дошт, чун бояд мо омӯзгоронро инҷо дар Узбекистон омода кунем".

Ба гуфтаи ҷониби Узбакистон, таъмини тамоми мактабҳо бо омӯзгорони рус мушкил аст ва ин дар тақсимоти баробарии кадрҳо мушкилӣ эҷод мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки пештар ҳукумати Узбекистон низ ба лоиҳаи Тоҷикистону Русия дар мавриди ҷалби омӯзгорони рус ба мактабҳои тоҷикӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда буд.

Моҳи апрели соли 2018 Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия эълом дошт, ки лоиҳаи таълимиро метавон дар Узбекистон ва Қирғизистон роҳандозӣ кард, зеро ин кишварҳо дархости вижа пешниҳод карданд. Аммо посухи Узбекистон ба  пешниҳоди расмӣ сукут буд.

Ин дар ҳоле аст, ки соли гузашта Русия барои макотиби Тоҷикистон як саре аз омӯзгорони рус ва китобҳои дарсиро ирсол карда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97