Низомиёни ҷинояткор зиёд шуданд

Хабари хуб 30.07.2009 16:53

Дар ду соли ахир ҷиноят дар миёни маъмурони интизомӣ ва низомӣ дар вилояти Суғд афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи судяи Додгоҳи низомии ин вилоят Сафаралӣ Абдураҳимов дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 90 нафар аз ҷумлаи низомиён ва маъмурони корҳои дохилӣ дар додгоҳи низомии шаҳри Хуҷанд муҳокима шудаанд.

Аз ин теъдод 23 нафарро афсарон ташкил додаанд, ки тибқи ҳукми додгоҳи низомӣ барои солҳои мухталиф зиндонӣ шудаанд.

Сафаралӣ Абдураҳимов гуфтааст, ки дар ин миён се подполковник низ будаанд, ки барои ришвахорӣ ва суистифода аз салоҳиятҳои хидматияшон зиндонӣ шудаанд.

Яке аз онҳо, подполковник Эргаш Эмомназаров, комисари низомии шаҳри Табошар будааст, ки барои гирифтани 1000 доллар ришва моҳе қабл аз ҷониби додгоҳи низомӣ барои 7,5 сол ба зиндон маҳкум шудааст.

Ба гуфтаи Сафаралӣ Абдураҳимов, содир кардани ҷиноят, бавижа дар миёни кормандони комисариатҳои низомӣ ва нирӯҳои марзбонӣ зиёд ба мушоҳида мерасад.

Тибқи иттилои манобеи расмӣ, дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 12 нафар аз ҷумлаи кормандони комисариатҳои низомӣ дар вилояти Суғд маҳкум ба зиндон шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир додгоҳи низомӣ ба баррасии парвандаи ҷиноии Ҷаббор Худойназаров, як афсари нирӯҳои марзбонӣ оғоз кардааст, ки ба даст доштан дар интиқоли беш аз 10 кг. афюн муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи Сафаралӣ Абдураҳимов, агар қаблан ҷинятҳо марбут ба лату кӯби сарбозон аз ҷониби афсарон ё сарбозони меҳтар зиёд сабт мешуд, ҳоло ришвахорӣ ва сӯистифода аз салоҳиятҳои хидматӣ бештар ба мушоҳида мерасад.

Назари бархе аз коршиносон бар ин аст, ки пойин будани маоши кормандони ин арса сабаби аслии даст задани онҳо ба ришвахорӣ аст. Бархе дигар бар ин назаранд, ки пойин будани сатҳи ҳирфайии маъмурон низ сабаби аслии даст ба ҷинят задани онҳост.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97