Задухӯрди миёни ҷангиёни Доъиш ва Толибон дар Кунари Афғонистон

Хабари хуб 11.01.2019 13:56

Мақомоти вилояти Кунар мегӯянд, ки ҷангҷӯёни Толиб ва гурӯҳи Доъиш аз муддати як ҳафта бад-ин су дар яке аз дараҳои вулусволии Маногии вилояти Кунари Афғонистон бо ҳам даргири ҷанганд.

Абдулғанӣ Мусаммим сухангӯи волии Кунар дар гуфтугӯ бо садои Амрико гуфтааст, ки дар ҷараёни ин даргирӣ ба ҳар ду тараф талафот ворид шудааст, аммо омори дақиқи он дар даст нест.

Мусаммим дар идома афзуд: “шабакаҳои мухобиротӣ ва васоили иртиботӣ вуҷуд надорад, аз вазъияти мардуми мулкӣ низ хабар надорем, минтақа хеле осебпазир аст. Нерӯҳои амниятӣ талош доранд, ки ба эҳтиёт ворид ин минтақа шаванд”.

Дар айни ҳол як манбаъи амниятӣ дар Кунар, ки нахост номаш гирифта шавад, гуфтааст, ки дар ҷараёни ин даргирӣ, се ҷангҷӯ кушта шуда ва як тани дигари онҳо захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи ин мақоми амниятӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 900 ҷангҷӯи Доъиш дар вулусволиҳои Монагӣ, Чаппадара, Хокӣ ва Нургули ин вилоят ҳузур доранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97