Ҳинд ба иқтисоди Амрико зарба ворид мекунад

Хабар 11.01.2019 12:38

Давлаи Ҳинд шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ 30 дар сад андози марбут ба маҳсулоти кишоварзии Амрикоро вазъ хоҳад кард.

Ба гузориши “Спутник”, сар аз торихи 31 январи соли ҷорӣ Ҳинд 30 дар сад андозро ба маҳсулоти кишоварзии Амрико эъмол мекунад, ки ин афзоиши андоз ба ҳамон маҳсулот ба арзиши 857 миллион доллар беш аз як саввуми воридоти маводи ғизоӣ аз Амрико ба Ҳинд аст.

Ин танишҳо миёни Ҳинд ва Амрико дар моҳи марти соли гузашта оғоз шуд. Ҳангоме, ки Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико андоз ба фӯлод ва алюминиумро ба тартиби 25 ва 10 дар сад афзоиш дод. Дар листи ин таҳрими Амрико Ҳинд низ қарор гирифт. Дар он лист Русия, Чин, Аврупо, Ҷопон ва дигарҳо низ дида мешуд.

Ҳамзамон Ҳинд низ дар ҳамкории низомӣ ва фанӣ бо Русия зарба хӯрд. Дар моҳи апрели соли гузашта (Rosoboronexport)-русиро таҳрим кард, ки дар он замон Ҳинд мебоист ҳазинаи таъмироти киштии зериобии “Чакра”- ро ба Русия пардохт намояд, ба ҳамин хотир бонкҳои Ҳинд маҷбур шуданд 2 миллиард доллар барои пардохти ҳазинаи таъмироти ин киштӣ ба Русияро напардозанд. Бо пардохти он имкон мерафт, ки Ҳинд ин пулро аз даст бидиҳад.

Дар авоили моҳи май соли гузашта, Трамп эълом кард, ки аз Барҷом хориҷ мешавад ва таҳримҳоеро алайҳи Эрон густурда сохт ва ба кишварҳое, ки бо Эрон равобити ҳамкорӣ доштанд, ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамкорӣ бо Теҳрон ин кишварҳо ҳамчунон дар листи таҳримҳои Амрико қарор хоҳанд гирифт. Дар айни ҳол Ҳинд ва Чин ду харидори аслии нафти Эрон маҳсуб мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир Ҳинд ва Эрон аз доллари амрикоӣ сарфи назар кардаанд, Ҳинд барои хариди нафти Эрон муҳосиботи худро бо ин кишвар бо рупия анҷом медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи майи соли гузашта Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико эълом кард, ки аз Барҷом хориҷ мешавад ва на танҳо фақат таҳримҳои қаблиро боз мегардонад, балки таҳримҳои ҷадид алайҳи Теҳронро низ эъмол хоҳад кард. Мавҷи дуввуми таҳримҳои Амрико, ки содироти нафтро низ шомил мегардад, аз 5-уми ноябри соли 2018 мавриди иҷроӣ қарор гирифт.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97