Дандоншӯяке, ки дар даҳ сония дандонҳоро пок мекунад

Хабар 11.01.2019 12:01

Ин дандоншӯяки ҷадид то кунун таҳти озмоиш қарор дорад ва иҷозаи тавлидро то ҳанӯз нагирифтааст.

Як ширкати фаронсавӣ дандоншӯякеро такмил додааст, ки фақат дар даҳ сония тамоми дандонҳоро пок мекунад.

Ин асбоби соҳиби матори барқӣ, ки ба номи дандоншӯяки Y ёд мешавад, ба гуфтаи тарроҳони он нисфи дандонҳо, боло ё пойинро дар як мартаба пок мекунад.

Пизишкони дандон супориш медиҳанд, ҳар фард бояд рӯзона ду мартаба ва ҳар мартаба барои ду дақиқа дандонҳои худро бо дандоншӯяк бишӯяд.

Дандоншӯяки Y монанди дандоншӯякҳои маъмулӣ набуда, балки шабоҳати зиёд ба муҳофизи дандон дорад, ки варзишгарон, ба вижа муштзанҳо ҳангоми варзиш онро ба даҳон мегузоранд.

Ин дандоншӯяк ба андозаҳои мухталиф тавлид шудааст то ҳам кӯдакон ва ҳам бузургсолон аз он истифода бурда тавонанд.

Ин василаи ҷадид, ки ҳудуди 125 доллар қимат дорад, акнун зери озмоиш қарор дорад ва дар сурате, ки муассир пиндошта шавад, иҷозаи тавлиди он ба ширкатҳои тавлидкунанда дода хоҳад шуд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97