“Амазон” бо арзиштарин ширкати тиҷорӣ дар ҷаҳон эътироф гардид

Хабари хуб 10.01.2019 10:25

Ширкати Амазон бо саҳҳомии ба арзиши 810 миллиард доллар, ба унвони бо арзиштарин ширкати тиҷоратӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Қаблан ин мақом ба ширкати “Майкрософт” таъаллуқ дошт, вале ҳоло ин ширкат бо 790 миллиард доллар саҳҳом дар мақоми дуввум қарор гирифтааст.

Ширкати Амазон ба унвони ғӯли фурӯши молу хидматрасониҳои технологӣ тавассути интернет тавонист саҳҳоми худро то охири соли 2018 10 дар сад афзоиш диҳад.

Ҳамзамон бо ин, маҷаллаи “Forbes” Ҷефар Безос, молики Амазонро сарватмандтарин марди ҷаҳон муъаррифӣ кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Безос соҳиби 16 дар сад саҳҳоми Амазон аст.

Ширкати Apple дар миёнаҳои соли 2018 бо доштани саҳҳомии ба арзиши 1.1 триллион доллар дар садри ҷадвали пурарзиштарин ширкатҳои ҷаҳон қарор дошт, аммо то охирҳои ин сол 35 дар сад саҳҳомии худро аз даст дод ва дар ҷойгоҳи чаҳорум қарор гирифтааст.

Арзиши саҳҳоми Apple акнун дар ҷаҳон 710 миллиард доллар гуфта шудааст.

Ба ин асос, ширкатҳои Амазон, Майкрософт, Гугл ва Эйпл ба тартиб чаҳор ширкати пурарзиши ҷаҳон шинохта шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97