Туркия дар як рӯз 60 ҳазор баррел нафт аз Эрон харидорӣ мекунад

Хабари хуб 09.01.2019 14:18

Туркия ба дунболи маъофияти таҳримии Амрико ба хариди нафт аз Эрон идома хоҳад дод. Бино бар маъофиятҳои тозаи таҳримӣ кишвари Туркия метавонад 60 ҳазор баррел (як баррел ба 158.987 литр баробар аст) нафт аз Эрон ворид кунад. Туркия моҳи декабри соли гузашта тавониста буд 54 ҳазор баррел нафт аз Эрон ворид кунад.

Дар воқеъ Туркия воридоти нафти хом аз Эронро низ пас аз як вақфаи як моҳа аз сар гирифт, вақте ки Амрико таҳримҳо алайҳи Эронро як бори дигар вазъ кард ва аз қарордоди байналмиллалии Барҷом хориҷ шуд.

Амрико дар моҳи ноябри соли 2018 барои Туркия ва бархе дигар кишварҳо маъофият аз таҳрими Эронро дар назар гирифт то онҳо битавонанд сарфи назар аз таҳримҳои ҷадид вазъшуда ба хариди нафт аз Эрон идома диҳанд.

Туркия дар ҳамин замина эълом карда, ки ба онҳо иҷоза дода шуда то солона 3 миллион тонна нафт аз Эрон ворид кунад, рақаме, ки муъодили воридоти рӯзонаи 60 ҳазор баррел нафт хоҳад буд. Туркия ба таври маъмул рӯзона 200 ҳазор баррел нафти хом аз Эрон ворид мекард то ин ки соли 2015 Амрико ба якбора аз Барҷом (барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак) хориҷ шуд ва вазъи таҳримҳо алайҳи Эронро аз сар гирифт.

Ба гуфтаи манобеъи муртабит ба ҳавзаи киштиронӣ ва тиҷорат, дар моҳи декабри соли 2018 Туркия тавонист воридоти ду танкери нафтӣ ба ҳаҷми 54 ҳазор баррел нафт аз Эронро дар дастури кори худ қарор диҳад.

Дар моҳи январ низ кишвари Туркия барнома дорад аз як танкери нафтии мутаъаллиқ ба Эрон ба номи “Синопа” воридоти нафтиро дар дастури кор қарор диҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97