Ду таркиш дар қалби Душанбе

Хабари хуб 30.07.2009 16:53

Мақомоти милиса аз сар задани ду таркиш дар ду маҳал дар марказипойтахт хабар доданд. Ба гуфтаи манобеъи милиса, яке аз ин таркишҳо дар маҳалле наздик ба фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Титов ва инфиҷори дигар дар назди меҳмонхонаи "Тоҷикистон", сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, таркиши аввал наздики соати даҳи шаб ва инфиҷори дувум наздик ба соати сеи бомдод рух додааст. Аммо аз ҳеч гуна талафоти ҷонӣ ё осебе дар ин таркишҳо гузориш нашудааст.

Бархе аз сокинон дар маҳаллоти наздик ба фурӯдгоҳ мегӯянд, ки аз шиддати таркиш тирезаҳои хонаҳояшон ба ларзиш даромадааст.

Сабабҳои ин таркишҳо маълум нест ва ҳеч гурӯҳе ҳануз масъулияти онро ба уҳда нагирифтааст. Манобеъи милиса ба таҳқиқи ин ҳодиса машғуланд.

Аммо ахиран милиса аз боздошти се нафар дар Бадахшон, ки гуфта мешуд аз аъзои Ҷунбиши исломии Узбакистон ҳастанд ва кашфи миқдоре васоил ва маводди мунфаҷира, хабар дода буд. Ин созмон дар феҳристи гурӯҳҳо ва созмонҳои муртабит бо Алқоъида ва Толибон қарор дорад ва фаъолияти он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ аст.

Зимнан, ин таркишҳо дар остонаи дидори чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон, Русия ва Покистон сурат мегирад.

Бархе аз коршиносони минтақа мегӯянд, ки эҳтимолан ҳадаф аз ин инфиҷорҳо халалдор кардани дидори чаҳорҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай, Дмитрий Медведев ва Осиф Алӣ Зардорист.

Ин дидор дар ҳоле баргузор мешавад, ки кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия бо НАТО ва Амрико бо тронзити молҳои ғайринизомӣ аз тариқи қаламрави худ ба нируҳои эътилофӣ дар Афғонистон мувофиқат кардаанд.

Вале ин тавофуқот хашми гурӯҳҳои шӯришии Толибон ва Алқоъида дар Афғонистон ва Покистонро барангехта ва Абдулсовит Муътасим Оғо, раҳбари Кумитаи сиёсии Толибон, дар миёнаи моҳи май кишварҳои минтақаро аз ҳамкорӣ бо Ғарб ҳушдор дода буд. Ин намояндаи Толибон бавижа Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки аз ҳамкорӣ бо Амрико ва НАТО худдорӣ кунад, вагарна "ин кишвар бо ноамнӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои милисаи Тоҷикистон имкони нуфузи афроди вобаста ба Толибон ва Алқоъида аз Афғонистон ва Покистон ба қаламрави Тоҷикистонро баъид намедонанд.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилаи кишварамон, рӯзи 22 июл дар як нишасти хабарӣ бо ишора ба душвории муроқибат аз қисматҳое аз марз бо Афғонистон гуфта буд, ки дар пайи тақвияти амалиёти нируҳои эътилофӣ ва бо таваҷҷуҳ ба интихоботи Афғонистон имкон дорад бархе аз "террористҳо" ба Осиёи Миёна паноҳ бубаранд.

Зимнан, дар миёнаҳои соли 2007 аз таркишҳое дар назди сохтмони Додгоҳи олии кишвар ва Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе гузориш шуда буд, ки талафоте дар пай надошт. Мақомот баъдтар гуфта буданд, ки дар таркиши назди Додгоҳи олӣ ниҳодҳои амниятии Узбакистон, даст доранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97