Шабакаҳои иҷтимоъӣ духтаронро бештар аз писарон афсурда месозанд

Хабари хуб 09.01.2019 11:52

Духтарони навҷавон, ки бо шабакаҳои иҷтимоъӣ сару кор доранд, дар таносуб бо писарони ҳамсолашон ду баробар бештар нишонаҳои афсурдагӣ дар онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ёфтаҳои як пажӯҳиши ҷадид бо баён ин нукта хотирнишон кардааст, ки духтарон бештар ба далели озор ва азият шудан дар фазои онлайнӣ, ба халалдор шудани хоб ба сабаби машғул шудан ба шабакаҳои иҷтимоъӣ ва худбоварии камтар бештар афсурда мешаванд.

Дар ин пажӯҳиҳ дар Британия, иттилоъоти 11 ҳазор корбари ҷавони шабакаҳои иҷтимоъӣ баррасӣ шудааст.

Донишмандон пай бурданд, ки духтарони 14 сола беш аз дигарон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ саргарм буда ва ду саввуми онон рӯзона кам аз кам се соъатро сарфи шабакаҳои иҷтимоъӣ мекунанд, ҳол он ки як панҷум писарон дар ин синну сол ба ин минвол даргири шабакаҳои иҷтимоъӣ мебошанд.

Пажӯҳиши ҷадид ҳамчунин дарёфтааст, ки 12 дар сади “корбарони камкор” дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва 38 дар сади “корбарони пуркор”- и шабакаҳо касоне, ки панҷ соъат ва бештари худро сарфи шабакаҳои иҷтимоъӣ мекунанд, нишонаҳои афсурдагии шадидро аз худ дар миён мегузоранд.

Донишмандон пай бурданд, ки 40 дар сади духтарон ва 25 дар сади писарони шомил дар ин пажӯҳиш дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва фазои онлайнӣ бо озор ва азият ё зӯргӯӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Ҳамчунон 40 дар сади духтарон ва 28 дар сади писарони шомил дар ин пажӯҳиш аз халадор шудани хоб шикоят мекарданд. Изтироб ва хоби бе кайфият ва мухтал ҳар ду бо афсурдагӣ иртибот доранд.

Ин пажӯҳиш аз хонаводаҳо хостааст то замонеро, ки кӯдакон ва фарзандони навҷавоншон сарфи шабакаҳои иҷтимоъӣ мекунанд, маҳдуд кунанд ва низ нагузоранд, ки фарзандоншон телефони мобилӣ ва ё iPadро ба утоқи хобшон бибаранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97