Оё “Сомон Эйр” ҷойгузини “Тоҷик Эйр” хоҳад шуд?

Хабари хуб 08.01.2019 12:36

Чанд рӯз қабл ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” эълом кард, ки то анҷоми фасли зимистон парвозҳояш ба самти Русияро ҳавопаймоҳои ширкати хусусии “Сомон Эйр” ба иҷро хоҳанд расонд.

Азиз Хайруллоев сухангӯи ширкати “Тоҷик Эйр” бо баёни ин ки ҷиҳати интиқоли мусофирон миёни ин ду ширкат тавофуқ ҳосил шудааст, гуфт, ин мувофиқа танҳо ба мусофирони хатсайрҳои самти Русия таъаллуқ дорад.

Ширкати "Тоҷик Эйр" ба 13 шаҳри Русия, аз ҷумла Маскаву Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Сургут парвоз анҷом медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо нашри як изҳорот гуфт, аз 3-юми январ парвозҳои самти Душанбе-Маскавро, ки қаблан ба "Тоҷик Эйр" таъаллуқ дошт, иҷро мекунад.

Дафтари матбуъотии ин ширкат гуфтааст, дар кӯтоҳтарин фурсат ҳама хатсайрҳое, ки "Тоҷик Эйр" ба самти Русия, аз ҷумла Душанбе-Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Сургут ва Самара, ҳамчунон хатсайрҳои Хуҷанд-Маскав, Санкт-Петербург, Сургут, Новосибирск ва Екатеринбург, аз Кӯлоб ба Маскав ва аз Бохтар ба Маскав, Новосибирск ва Екатеринбругро анҷом медод, низ ин шаркат ба уҳда хоҳад гирифт.

Ҳамин тариқ, бо аз по афтодани "Тоҷик Эйр", ширкати "Сомон Эйр" ягона ширкат ва яккатози бозори ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

Тасмими ба ширкати "Сомон Эйр" додани парвозҳои "Тоҷик Эйр" рӯзи саввуми январи соли ҷорӣ пас аз ҷаласаи комиссияи давлатӣ гирифта шудааст. Интизор меравад, комиссияи давлатӣ дар муҳлати як моҳи оянда вазъи ширкати “Тоҷик Эйр”-ро таҳлил карда, хулосаи худро дар мавриди тақдири ояндаи ширкат ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки охири соли 2018 дар як ҷаласаи ҳукумат раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти "Тоҷик Эйр" интиқод карда ва амр дод, ки фаъолияти ин ширкатро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Манбаъ: радиои Озодӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97