Гандум фаровон аст

Хабари хуб 30.07.2009 16:44

Вазорати кишоварзӣ пешбинӣ кардааст, ки барои бори нахуст дар муддати 18 соли ахир ҳосили гандум дар кишвар ба беш аз як миллион тон хоҳад расид.

Ба гуфтаи мақомот, дар чунин сурате Тоҷикистон метавонад ниёзи солонаи худ ба гандумро аз ҳисоби маҳсулоти худӣ бароварда созад. Раҳмоналӣ Амиров, муовини аввали вазири кишоварзӣ, рӯзи 27 июл дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, дар ҳоле ки мавсими дарави ғалла дар саҳроҳои кишоварзӣ ҷараён дорад, мизони тавлиди гандум дар бархе ҷойҳое дар ҷануби кишвар ба 60 сентнер аз ҳар гектор баробар аст.

Ин дар ҳолест ки дар солҳои қаблӣ мизони тавлиди ғалладона дар воҳидҳои кишоварзӣ аз ҳар гектор дар ҳудуди 20 то 25 сентнер будааст.

Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ниёзи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба гандумро як миллиону 200 ҳазор тон арзёбӣ мекунанд.

Ҳамзамон афзоиши тавлиди гандум ва анвоъи дигари ғалладона дар ҳолест, ки масъулони Вазорати кишоварзӣ мегӯянд, мизони воридоти гандум ва орд аз хориҷи кишвар ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Тибқи гузориши Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ беш аз 186 ҳазор тон гандум аз хориҷи кишвар ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб камтар аст.

Мақомоти Вазорати кишоварзӣ сабаби дигари афзоиши ҳосили гандум дар кишварро озодии фаъолияти кишоварзон дар интихоби кишти гандум донистанд.

Гузориши Вазорати кишоварзӣ аз он дарак медиҳад, ки дар соли ҷорӣ дар майдони 172 ҳазор гектор пахта кишт шудааст. Ин дар ҳолест ки ин рақам дар соли гузашта 237 ҳазор гекторро ташкил дода буд.

Ҳамчунин, бар асоси барномаи давлатӣ дар соли ҷорӣ бояд дар майдони 200 ҳазор гектор пахта кишт мешуд. Аммо мақомоти Вазорати кишоварзӣ мегӯянд, дар пайи боришоте, ки ба ҷорӣ шудани селоб ва лағзиши замин дар бештари ноҳияҳо сабаб гардид, беш аз ҳашт ҳазор гектор аз киштзорҳои пахта шуста ва нобуд шуд, ки имкони кишти такрорӣ дар ин заминҳоро аз байн бурд.

Аммо бар асоси гузориши Вазорати кишоварзӣ, бахшҳои кишоварзӣ ва муҷтамаъҳо дар соли ҷорӣ дар майдони 215 ҳазор гектор кишти тирамоҳии ғалладонаро анҷом додаанд, ки дар муқоиса бо соле қабл ҳудуди 85 ҳазор гектор зиёдтар аст.

Раҳмоналӣ Амиров, муовини аввали вазири кишоварзӣ бар ин назар аст, ки танҳо дар сурати озодии комили кишоварзон дар интихоби кишт, воҳидҳои кишоварзӣ метавонанд сиёсати дурусти тавлидоти кишоварзиро ба роҳ монанд.

Ин дар ҳолест ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, қарзи воҳидҳои пахтакор ба ширкатҳои сармоягузор ё фючеристӣ афв шуда ва давлат пардохти ин қарзҳоро бар дӯш гирифтааст.

Бо ин ҳама, бархе аз мақомоти Вазорати кишоварзӣ мегӯянд, танҳо дар сурати тавлиди пахта аз ҳар гектор замин ба андозаи болотар аз 30 сентнер, Тоҷикистон метавонад суде ба даст орад.

Дар баробари ин, ба гуфтаи ин мақомот, бо фурӯши ҳар тон нахи пахта ба қимати 1400 долар дар бозори ҷаҳонӣ давлати Тоҷикистон метавонад суде ба даст оварад.

Аммо ҳамакнун азбаски тавлидоти пахта дар бахшҳои кишоварзӣ дар ҳоли коҳиш аст ва аз сӯйи дигар, ба иллати бӯҳрони ҷаҳонии молӣ қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба маротиб пойин рафтааст, судоварии он барои иқтисоди кишвар зери суол аст. Ва ба гуфтаи коршиносон, дар сурати сол аз сол афзоиш ёфтани тавлидоти гандум ва бароварда шудани ниёзи сокинон ва ҳамчунин содироти он ба хориҷи кишвар, эҳтимол дорад кишоварзон пахтакориро марҳала ба марҳала канор гузоранд.

Зимнан, дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон беш аз як миллион тон ҳосили пахта ҷамъоварӣ мешуд. Аммо дар муддати беш аз 18 соли ахир барномаи давлатии ҷамъоварии маҳсули пахта, ки солиёна ҳудуди 600 ҳазор тон дар назар гирифта мешавад, иҷро намешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97