Сармояи хориҷӣ чаро ба Тоҷикистон сарозер намешавад?

Хабари хуб 30.07.2009 16:43

Бар асоси омори ибтидоӣ, мизони ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар ним соли гузашта ҳудуди 1,5 милиард сомонӣ ё беш аз 330 миллион доларро ташкил медиҳад, ки ин рақам, ба гуфтаи мақомот, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ камтарин будааст.

Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, рӯзи 27 июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон монеъаҳои идорӣ, мушкилот дар сабти номи корхонаю ширкатҳо, боло будани мизони молиёт ва ноамниҳо дар кишвари ҳамсояи Афғонистонро аз сабаби ин вазъ маънидод кард.

Ба гуфтаи Ҳамралиев, Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои дорои шароити мусоид барои тиҷорат дар соли 2009, ки ҳамасола аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ таҳия мешавад, дар миёни 181 кишвари ҷаҳон дар қатори 159-ум ҷой гирифтааст.

Ҳамзамон, масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гуфтанд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ низ дар чи гунагии мизони вуруди сармояи мустақими хориҷӣ ба кишвар нақши номатлубе гузоштааст. Ба унвони мисол, масъулон аз Қазоқистон ёдовар шуданд, ки ба далели бӯҳрони ҷаҳонии молӣ аз ворид кардани сармояи мустақим ба бахши энержии Тоҷикистон худдорӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин манбаъ, қаблан ин кишвар омодагии худро барои ширкат дар бунёди нирӯгоҳҳои кӯчаку миёнаи Тоҷикистон эълом карда буд.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон мегӯянд, ҳарчанд дар қавонини Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоиде пешбинӣ шудааст, вале иқдомоти бархе аз ниҳодҳои давлатӣ дар қиболи соҳибкорон сармоягузоронро нисбат ба дурнамои бахши хусусӣ дар кишвар навмед сохтааст.

Аммо Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ мушкилоти ҷалби сармояи мустақим ба иқтисоди кишварро муваққатӣ хонда ва гуфт, ки давлати Тоҷикистон барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвар ҷиддан талош мекунад. Коҳиши пешниҳоди аснод барои сабти номи корхонаю ширкатҳо аз 13 то 3 адад, анҷоми сабт дар як ниҳоди давлатӣ ва бамаротиб кам шудани муддати баррасӣ ва эъломи муфлисшавии корхонаю ширкатҳо аз ҷумлаи тадобири давлат дар ин замина унвон шуд.

Зимнан, Ф. Ҳамралиев таъкид кард, ки ширкатҳои "Газпром"-и Русия, "Тетис"-и Амрико ва ширкатҳои чинӣ тарҳҳоеро барои истихроҷи маъодини нафту гоз ва маъодини дигар шурӯъ кардаанд, ки ин нишонаи афзоиши сармояи мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин, бино ба гузориши Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, давлат барои баҳрабардорӣ аз Кони Мансури Калон музояда эълом кардааст ва дар сурати оғози фаъолияти ин маъдан маблағҳои ҳангуфте ба буҷа ворид хоҳад шуд.

Тибқи иттилои маноебъи расмӣ, захоири нуқра дар ин маъдан беш аз 55 ҳазор тон арзёбӣ шуда ва бар асоси ҳисобҳои ибтидоӣ оидот аз фурӯши ин миқдор нуқра 30 милиард доларро ташкил хоҳад дод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97