Ҳаждаҳ кушта дар ду рӯз

Хабари хуб 30.07.2009 16:42

Мақомоти милиса мегӯяд, дар ду рӯзи гузашта бар асари ҳодисаҳои нохуш 18 шаҳрванди кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

Тибқи иттилои манобеъи милиса, дар рӯзҳои шанбе ва якшанбеи гузашта мавориди зиёди фавти шаҳрвандон дар дарёҳо ва ҳавзҳои кишвар мушоҳида шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ин муддат нӯҳ нафар ғарқ шудаанд, ки ҳафт тан аз онҳо афроди ноболиғ будаанд.

Аз ҷумла, рӯзи якшанбеи 26 июл Абдуқаҳҳор Муродов, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ҳамроҳи се пайванди ноболиғаш озими шолизор шудааст. Ин кӯдакони се-чаҳорсола бо истифода аз ин фурсат, ки А. Муродов машғули кор буд, ба шиноварӣ рафта ва ғарқ шудаанд.

Зимнан, аз баҳори соли ҷорӣ то кунун аз мавориди зиёди ғарқ шудани шаҳрвандон дар рӯдхонаҳо ва обанборҳо гузориш шудааст. Бисёре аз ин маворид дар қаламрави вилояти Суғд рух додааст.

Дар авоили моҳи ҷорӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зимни нигаронӣ аз афзоиши теъдоди нафароне, ки дар истахру рӯдхонаҳо ғарқ мешаванд, аз сокинони кишвар даъват карда буд, ки ба ҳангоми тафреҳ дар соҳили рӯдхонаҳо ва ҳавзҳо мувозиби худ бошанд.

Ин дар ҳолест ки тайи чанд рӯзи ахир дамои ҳаво дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон беш аз 40 дараҷа боло рафтааст. Дар натиҷа, мардум ба шиноварӣ дар рӯдхонаҳо ва ҳавзҳо бештар алоқа пайдо кардаанд.

Афзоиши дамои ҳаво ҳамчунин хатароти вуқӯъи оташсӯзиро афзоиш додааст. Идораи оташнишонии Тоҷикистон низ аз афзоиши мавориди оташсӯзӣ дар бархе манотиқи кишвар хабар медиҳад.

Дар ду рӯзи гузашта дар вилояти Суғд аз мавориди зиёди худкушӣ низ гузориш шудааст. Манобеъи милиса мегӯянд, ки дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе се тан аз сокинони ин минтақа даст ба худкушӣ задаанд.

Зимнан, афзоиши худкушӣ дар шимоли Тоҷикистон ахиран ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шуда ва пештар аҳзоби сиёсии вилояти Суғд бо пахши изҳороти муштараке хостори иҷрои тадобире барои ҷилавгирӣ аз худкушӣ шуда буданд.

Бар асоси омори расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мавориди даст ба худкушӣ задани сокинон дар ин вилоят дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта то 60 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар рӯзҳои таътили гузашта ҳамчунин аз мавориди гуногуни фавти шаҳрвандон дар асари тамос бо симҳои барқ мушоҳида шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ин муддат се нафар аз нируи барқ ҷони худро аз даст додаанд.

Муродалӣ Набиев, як сокини шаҳри Норак, дар ҷустуҷӯйи кор дар Душанбе ба сар мебурд. Вай дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як манзили хусусӣ дар асари истифодаи нодуруст аз симҳои барқ ҷони худро аз даст додааст.

Ҳамчунин, дар рӯзҳои таътили гузашта дар савонеҳи роҳ се сокини Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд. Аммо масъулони милисаи роҳ мегӯянд, ки ин рақам дар муқоиса бо рӯзҳои дигар камтар будааст.

Ахиран мақомоти милисаи роҳ хабар дода буданд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта коҳиши андаке дар шумори осебдидагон дар сонеҳаҳои роҳ мушоҳида шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97