Қатли як директории мактаб дар Хатлон

Хабари хуб 30.07.2009 16:41

Вазорати корҳои дохила аз қатли бераҳмонаи мудири як мактаб дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, хабар дод.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат рӯзи 24 июл хабар дод, ки ин ҳодиса соати чаҳори субҳи ҳамин рӯз дар шӯрои деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав рух додааст.

М. Асадуллоев гуфт: "Афроди номаълум ба манзили Сановбар Тангироваи 33-сола, мудири мактаби № 16 ин ноҳия дохил шуда ва ба ҳангоми хоб бо корд ба қафаси сина, рӯй ва ангуштонаш шаш зарба задаанд, ки вай дар натиҷа ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ҳангоми ба бемористон бурдан дар роҳ вафот кардааст.

Сухангӯйи Вазорати корҳои дохила мегӯяд, нисбат ба ин ҳодиса тибқи банди 104 қонуни ҷиноӣ, яъне иттиҳоми одамкушӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, бо дастури вазири корҳои дохила як гурӯҳи кории махсус дар ҳайъати кормандони раёсатҳои ҷустуҷӯи ҷиноӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта ташкил шудааст, ки дар маҳалли ҳодиса фаъолият доранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97