Дар Ҳавзи Кабуд кӣ кушта шуд?

Хабари хуб 23.07.2009 15:04

Мақомоти кишвар хабар додаанд, афроди кушташуда дар ҷараёни даргирии ахир дар мавзеъи Ҳавзи Кабуд, воқеъ дар ноҳияи Тавилдара шаҳрвандони Русия будаанд. Бар асоси иттилои баёнияи муштараки Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ Тоҷикистон, ин афрод ба гурӯҳи Неъмат Азизов, ки мақомот ӯро дар қатли Мирзо Зиёев муттаҳам кардаанд, шомиланд.

Тибқи иттилои ин ду ниҳоди давлатӣ ду нафар доғистонӣ, як рустабор, як қазоқитабор ва як тотор аз ҷумлаи нафарони кушташуда дар ин ҳодиса ҳастанд.

Дар баёнияи мазкур омадааст: "Ин ки онҳо шаҳрвандони гуногунмиллати Русия буда ва ба гурӯҳи ҷиноятпешаи Неъмат Азизов шомиланд, аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо аъзои як гурӯҳи террористии байналмилалӣ ҳастанд".

Бар асоси ин иттилоъ афроди кушташуда бо худ аслиҳа, "аз ҷумла автомати Калашников, тирҳои колибрҳои гуногун ва норинҷак ва дигар муҳиммоти ҷангӣ доштаанд."

Бар асоси иттилои расмӣ, даргирӣ дар минтақаи Ҳавзи Кабуд, ҳангоме рух додааст, ки як гурӯҳи мусаллаҳ пас аз "итоат накардан ба фармонҳои қонунии кормандони интизомӣ ба посгоҳ ҳамла оварданд".

Дар натиҷаи даргирӣ миёни ин гурӯҳ ду низомии давлатӣ захмӣ ва панҷ

нафар аз аъзои гурӯҳи мусаллаҳ кушта шуданд.

Дар ин баёния шарҳ дода нашудааст, ки гурӯҳи мусаллаҳ аз чанд нафар иборат буд, вале оварда шудааст, ки дар натиҷаи фишори низомиёни давлатӣ "аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ақабнишинӣ карданд".

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки "аз аввали амалиёти "Кӯкнор-2009" тавассути кормандони интизомии Тоҷикистон 9 нафар аз аъзои гурӯҳи ҷиноӣ кушта шудааст". Ҳарчанд мақомот таъид кардаанд, ки чанд нафар аз аъзоёни ин гурӯҳ боздошт шудаанд, вале теъдоди онҳоро ошкор накардаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97